Ва сӯи Худованд дуо кард ва гуфт: «Эй Худованд! Оё сухани ман ҳамин набуд, вақте ки ҳанӯз дар диёри худ будам? Барои ҳамин ҳам ба гурехтан ба Таршиш шитоб кардам, зеро медонистам, ки Ту Худои бахшанда ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва аз офат пушаймон мешавӣ.
Юнус 4:2
Ва алҳол бигзор қуввати Худованд бузург шавад, чунон ки Ту сухан ронда, гуфта будӣ:
„Худованд собир ва пур аз эҳсон аст, гуноҳ ва маъсиятро меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад, барои гуноҳи падарон писаронро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад“.
Ададҳо 14:17–18
Эй Худои лашкарҳо! Моро баргардон,
ва рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем.
Токро аз Миср берун овардӣ,
халқҳоро бадар рондӣ, ва онро шинондӣ.
Забур 79:8–9
Агарчи гуноҳҳои мо бар зидди мо шаҳодат медиҳад,
Ту, эй Худованд, ба хотири исми Худ амал намо;
зеро ки муртадиҳои мо бисьёр шудааст,
ва мо пеши Ту гуноҳкор ҳастем.
Ирмиё 14:7
Мо, эй Худованд, ба шарорати худ,
ба маъсияти падарони худ иқрор мебошем,
зеро ки пеши Ту гуноҳ кардаем.
Ирмиё 14:20
Эй Исроил, ба Худованд умед банд, аз ҳоло ва то абад.
Забур 130:3–4