Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.
2 ба Қӯринтиён 5:21
Нури рӯзона
Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.
2 ба Қӯринтиён 5:21
Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем: ҳар яке ба роҳи худ мерафтем; ва Худованд гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.
Ишаъё 53:6
Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.
1 Петрус 2:24
Зеро, чунон ки ба воситаи беитоатии як кас бисьёр касон гуноҳкор шуданд, ончунон ба воситаи итоати як кас бисьёр касон одил мешаванд.
Нома ба Румиён 5:19
Аммо вақте ки файз ва одамдӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд, — Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулқудс аст. Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт, То ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем.
Нома ба Титус 3:4-7
Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд,
Нома ба Румиён 8:1
Дар айёми Ӯ Яҳудо наҷот хоҳад ёфт, ва Исроил дар амният сокин хоҳад шуд; ва ин аст исми Ӯ, ки бо он хонда хоҳад шуд: „Худованд — адолати мо“.
Ирмиё 23:6
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
6 Дек 2025
Philippians 2:13
5 Дек 2025
Psalms 119:71
4 Дек 2025
Job 28:12
3 Дек 2025
Job 5:8
2 Дек 2025
1 John 2:20
1 Дек 2025
Isaiah 32:2
30 Ноя 2025
Revelation 1:4