Зеро ки қавми Ман ду кори бад карданд: Маро, ки чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда, барои худ сардобаҳо канданд, сардобаҳои кафидае ки наметавонад обро нигоҳ дорад.
Ирмиё 2:13
Нури рӯзона
Зеро ки қавми Ман ду кори бад карданд: Маро, ки чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда, барои худ сардобаҳо канданд, сардобаҳои кафидае ки наметавонад обро нигоҳ дорад.
Ирмиё 2:13
Ва Одам бо зани худ Ҳавво хобид; ва ӯ ҳомила шуда, Қобилро зоид, ва гуфт: «Мардеро аз Худованд пайдо кардам».
Ҳастӣ 4:1
Ва гуфтанд: «Биёед, шаҳре барои худ бино кунем, ва бурҷе ки сараш ба осмон бирасад; ва номе барои худ пайдо кунем, мабодо бар рӯи тамоми замин пароканда шавем».
Ҳастӣ 11:4
Ва Худованд онҳоро аз он ҷо бар рӯи тамоми замин пароканда кард; ва онҳо сохтани шаҳрро бас карданд.
Ҳастӣ 11:8
Ва Лут тамоми водии Урдунро барои худ ихтиёр кард; ва Лут ба тарафи шарқ кӯч кард. Ва онҳо аз якдигар ҷудо шуданд.
Ҳастӣ 13:11
Ва Лут чашм андохта, тамоми водии Урдунро дид, ки он, пеш аз он ки Худованд Садӯм ва Амӯроро хароб кунад, сар ба сар то Сӯар, мисли боғи Худованд, мисли замини Миср обшор буд.
Ҳастӣ 13:10
Лекин мардуми Садӯм бағоят шарир ва пеши Худованд гуноҳкор буданд.
Ҳастӣ 13:13
Ва дили худро ба донистани ҳикмат ва шинохтани фисқу фуҷур ва ҳамоқат ниҳодам; вале фаҳмидам, ки ин низ бод паймудан аст. Зеро ки ба қадри афзудани ҳикмат ғусса меафзояд, ва ҳар кӣ донишро зиёд кунад, азобро зиёд мекунад.
Воиз 1:17-18
Корҳои бузурге кардам: хонаҳо барои худ сохтам, токзорҳо барои худ шинондам;
Воиз 2:4
Нуқра ва тилло ва ганҷи подшоҳон ва кишварҳоро низ барои худ ҷамъ кардам; мутрибон ва мутрибагон, ва ҳаловатҳои банӣ‐одам, ва бисьёр канизони ҳамхоба барои худ пайдо кардам.
Воиз 2:8
Вале ман ба ҳамаи корҳои худ, ки дастҳоям карда буд, ва ба меҳнате ки дар карданаш машаққат кашида будам, назар андохтам, — ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст, ва дар таҳти офтоб суде надорад!
Воиз 2:11
Ва дар рӯзи охир, ки рӯзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо кард ва гуфт: «Ҳар кӣ ташна бошад, назди Ман биёяд ва бинӯшад.
Инҷили Юҳанно 7:37
Ҷилъод аз они Ман аст, Менашше аз они Ман; ва Эфроим хӯди Ман аст, Яҳудо чӯбдасти салтанати Ман;
Забур 107:9
Дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст.
Нома ба Қӯлассиён 3:2
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
8 Авг 2026
Proverbs 4:18
7 Авг 2026
John 14:26
6 Авг 2026
Proverbs 3:12
5 Авг 2026
Romans 6:4
4 Авг 2026
John 19:30
3 Авг 2026
Luke 1:50
2 Авг 2026
Revelation 13:8