Зиёда аз 2000 сол пеш Исои Масеҳ аз осмон ба ин замин омад, то барои гуноҳкорон дар салиб бимирад. Сипас Ӯ аз мурдагон эҳё шуд ва ба осмон баргашт.
Ваъдае дода шуд
Пеш аз он ки Ӯ ба осмон баргардад, Исо гуфт:
Ман меравам, то барои шумо ҷой тайёр кунам. Ва агар равам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз меоям ва шуморо назди Худам мегирам; то ки дар куҷое ки Ман ҳастам, шумо низ дар он ҷо бошед (Юҳанно 14:2-3).
Чӣ ваъдаи аҷибе! Исо ба осмон баргашт, то барои ҳамаи онҳое, ки ба Ӯ ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ имон доранд, ҷой тайёр кунад. Сипас Ӯ боз меояд, то онҳоро бо худ ба осмон барад. Ин барои мо, ки Ӯро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд мешиносем, чӣ қадар аҷиб аст!
Дар бораи ин ҳодиса, Павлуси расул ба мо мегӯяд, ки «Худованд (Исои Масеҳ) худаш аз осмон бо фарёд, бо овози сарфаришта, ва бо карнаи Худо фуруд хоҳад омад. Ва мурдагон дар Масеҳ аввал эҳё хоҳанд шуд. Он гоҳ мо, ки зиндаем ва боқӣ мондаем, бо онҳо дар абрҳо рабуда хоҳем шуд, то Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем. Ва ҳамин тавр мо ҳамеша бо Худованд хоҳем буд» (1 Таслӯникиён 4:16-17).
Танҳо масеҳиёни ҳақиқӣ
Исо аз осмон бо фарёде меояд, ки танҳо онҳое мешунаванд, ки ба Ӯ тааллуқ доранд – онҳое, ки бо имон «аз Худо таваллуд шудаанд» (Юҳанно 1:13). Ҳамаи имондороне, ки аллакай мурдаанд, эҳё хоҳанд шуд, ва ҳамроҳ бо имондорони зинда тағйир хоҳанд ёфт (1 Қӯринтиён 15:51-52) ва барои вохӯрӣ бо Худованд дар ҳаво рабуда хоҳанд шуд. Аммо танҳо онҳое, ки Ӯро ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ қабул кардаанд, хоҳанд рафт. Ҳамаи онҳое, ки Масеҳро шахсан ҳамчун Наҷотдиҳанда қабул накардаанд, барои доварӣ боқӣ хоҳанд монд.
Шумо чӣ?
Оё шумо барои омадани Худованд омодаед? Вақте ки Ӯ боз меояд, оё шумо бурда мешавед ё боқӣ мемонед? Оё шумо интизори омадани Масеҳ ҳастед, ё ин фикр ба шумо ногувор аст?
Ҳоло омода шавед!
Исо метавонад ҳар лаҳза биёяд! Агар шумо ҳанӯз аз гуноҳҳои худ наҷот наёфта бошед, оё шумо намехоҳед, ки наҷот ёбед, то бо Ӯ ба осмон рафтан омода бошед? Ба Ӯ иқрор шавед, ки шумо гуноҳкоред, аз гуноҳҳои худ тавба кунед ва Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ қабул кунед. Пас аз он ки Исо боз меояд, дер хоҳад шуд, ва дари осмон барои шумо то абад баста хоҳад шуд!



