Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад;
Инҷили Юҳанно 10:3
Нури рӯзона

Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад;
Инҷили Юҳанно 10:3
Бисьёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: „Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоти зиёде нишон надодем?“ Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: „Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!“
Инҷили Матто 7:22–23
Зеро ки Худованд тариқи одилонро медонад, вале роҳи шарирон сӯи адам хоҳад бурд.
Забур 1:6
Инак, Ман туро бар кафи дастҳои Худ нақш кашидаам; ҳисорҳои ту доим пеши назари Ман аст.
Ишаъё 49:16
Маро мисли мӯҳре бар дили худ, мисли мӯҳре бар бозуи худ бигузор; зеро ки муҳаббат мисли марг пурзӯр аст, ва рашки он мисли дӯзах бераҳм аст; барқҳои он барқҳои оташ аст, алангаи илоҳист.
Суруди Сурудҳо 8:6
Худованд некӯст — дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи мустаҳкам аст, ва паноҳбарони Худро мешиносад.
Наҳум 1:7
Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба шумо мегуфтам: „Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам“? Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед.
Инҷили Юҳанно 14:2–3
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
17 Июл 2025
Юнус 4:2
16 Июл 2025
Хуруҷ 19:6
15 Июл 2025
Инҷили Матто 6:10
14 Июл 2025
Инҷили Матто 12:34
13 Июл 2025
Суруди Сурудҳо 7:10
12 Июл 2025
Хуруҷ 33:14
11 Июл 2025
Ирмиё 15:20

Наҷот
Сабабҳои амиқи онро, ки чаро Исои Масеҳ ихтиёран дар салиб мурд, кашф кунед. Бифаҳмед, ки чӣ тавр қурбонии Ӯ…
Куштор
Бифаҳмед, ки чаро 1 Юҳанно 3:15 мегӯяд, ки ҳеҷ қотил ҳаёти ҷовидонӣ надорад, ҳарчанд муқаддасони Аҳди Қадим…
Боварӣ
Бифаҳмед, ки чӣ тавр бо эътимод ба Худо барои ҳама ниёзҳои худ аз ташвишу изтироб раҳо ёбед. Аз Луқо 12…
Савоб
Забур 1-ро омӯзед, ки одил ва бехудоро муқоиса мекунад ва Исои Масеҳро ҳамчун Одили комил кашф кунед.
Хизмат
Кашф кунед, ки чӣ тавр амалҳои шумо, хоҳ калон ва хоҳ хурд, муҳаббати Масеҳро нишон медиҳанд ва дар ҳаёти…
Оила
Кашф кунед, ки чӣ тавр барои оилаи худ бунёди устувори рӯҳонӣ бунёд кунед. Ин дастур се блоки асосии…