Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.
Нома ба Эфсӯсиён 5:2
Нури рӯзона

Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.
Нома ба Эфсӯсиён 5:2
Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред.
Инҷили Юҳанно 13:34
Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад;
1 Петрус 4:8
Адоват нифоқҳо меандозад, вале муҳаббат ҳамаи гуноҳҳоро рӯпӯш мекунад.
Масалҳо 10:12
Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро афв намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо биомурзад;
Инҷили Марқӯс 11:25
Лекин шумо душманони худро дӯст бидоред, ва некӣ кунед, ва карз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ӯ ба носипосон ва бадон меҳрубон аст.
Инҷили Луқо 6:35
Вақте ки душмани ту фурӯ ғалтад, шодӣ накун, ва ҳангоме ки вай ба нокомӣ дучор шавад, бигзор дили ту ба ваҷд наояд:
Масалҳо 24:17
Дар ивази бадӣ, бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат, лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.
1 Петрус 3:9
Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед.
Нома ба Румиён 12:18
Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст.
Нома ба Эфсӯсиён 4:32
Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем.
1 Юҳанно 3:18
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
27 Июл 2025
2 ба Қӯринтиён 4:4
26 Июл 2025
Ибриён 11:8
25 Июл 2025
1 Юҳанно 3:14
24 Июл 2025
Нома ба Румиён 12:12
23 Июл 2025
1 ба Қӯринтиён 15:24
22 Июл 2025
Нома ба Румиён 6:10
21 Июл 2025
Нома ба Румиён 3:1–2

Имон
Ҳаёт мусобиқа аст, аммо пирӯзӣ дар муваффақияти дунявӣ ёфт намешавад. Аз ноумедии Сулаймон ва имони Павлус…
Савоб
Адолати Худоро, ки дар китоби Румиён ошкор шудааст, биомӯзед. Фаҳмед, ки чӣ тавр адолати Ӯ наҷот медиҳад ва…
Дуо
Павлус барои чаҳор ниёзи муҳими инсонӣ дуо гуфт: фаҳмиши рӯҳонӣ, ҳаёти арзанда, истодагарӣ ва рӯҳияи…
Хизмат
Аз Марто ва Марям дар бораи хизмати шодмон ва ибодати бошукӯҳ биомӯзед. Дар имони худ мувозинат пайдо кунед…
Дуо
31 нуқтаи ҳаррӯзаи дуоро барои роҳнамоии сафари рӯҳонии фарзандони худ кашф кунед. Барои наҷот, меҳрубонӣ…

Имон
Ҳаёт мусобиқа аст, аммо пирӯзӣ дар муваффақияти дунявӣ ёфт намешавад. Аз ноумедии Сулаймон ва имони Павлус…
Ғайбат
Оё ғайбат гуноҳ аст? Таълимоти Китоби Муқаддасро дар бораи ғайбат ва чаро масеҳиён бояд аз он худдорӣ кунанд…