Дуои модар
Худовандо, имшаб ман қаноатмандам, ки дар ҷаҳоне, ки аз нафрат девона шудааст, модар ҳастам. Дар ин соати азоби замин, ман талаб намекунам, ки коре бузург ва аҷибе анҷом диҳам, ки шӯҳрат оварад. Ман ба майдонҳои васеътар барои сайругашт ҳавас надорам. Ман танҳо мехоҳам, ки шӯълаи муҳаббати Худо аз хонаи масеҳӣ фурӯзон бошад. Ман барои фарзандонам ба Ту шукр мегӯям. Агар роҳ ба дилшикастагӣ оварда расонад, ба ман ҷасорат деҳ, Худовандо. Ман дар ёд хоҳам дошт, ки рӯзе дили Модари Туро шамшери ғам сӯрох карда буд. Файзи Ту ҳоло – мисли он вақт – кофӣ хоҳад буд. Ман шодам, ки модар ҳастам, Худовандо – Омин. Муаллиф номаълум
* «Ва дар тамоми замини Миср торикии сахте шуд... * * аммо ҳамаи банӣ-Исроил дар масканҳои худ нур доштанд». * * Хуруҷ 10:22-23*






