Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед.
Нома ба Румиён 12:12
Нури рӯзона

Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед.
Нома ба Румиён 12:12
Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».
1 Подшоҳон 3:18
Ҳарчанд ҳақ ба ҷониби ман бошад ҳам, ҷуръат надорам ҷавоб гардонам, балки назди Довари худ тазаррӯъ хоҳам кард.
Айюб 9:15
Ва гуфт: «Аз батни модари худ бараҳна берун омадам, ва ба он ҷо бараҳна хоҳам баргашт. Худованд дод, ва Худованд гирифт. Исми Худованд муборак бод»!
Айюб 1:21
Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард.
Айюб 2:10
Исо гирья кард.
Инҷили Юҳанно 11:35
Ӯ манфур буд ва радди мардум, дардманд ва ранҷур, ва мисли касе ки аз вай рӯй мегардонанд; Ӯ манфур буд, ва мо Ӯро писанд намекардем. Аммо Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд, ва ба дардҳои мо мубтало буд, валекин мо гумон бурдем, ки Ӯро Худо зада, ба мусибат ва азиятҳо гирифтор кардааст.
Ишаъё 53:3–4
Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медидиҳад; ҳар писари писандидаи Худро мезанад».
Ибриён 12:6
Ҳар ҷазо дар замони ҳозира ба назари кас на шодӣ, балки андӯҳ менамояд; лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи адолатро меоварад.
Ибриён 12:11
Ва бар тибқи иқтидори ҷалоли Ӯ бо тамоми қувват мустаҳкам шавед, то ки бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр бошед,
Нома ба Қӯлассиён 1:11
Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам».
Инҷили Юҳанно 16:33
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
23 Июл 2025
1 ба Қӯринтиён 15:24
22 Июл 2025
Нома ба Румиён 6:10
21 Июл 2025
Нома ба Румиён 3:1–2
20 Июл 2025
Инҷили Юҳанно 17:16
19 Июл 2025
Инҷили Луқо 1:49
18 Июл 2025
Инҷили Юҳанно 10:3
17 Июл 2025
Юнус 4:2

Умед
Дар замонҳои душвор барои оилаи худ умед пайдо кунед. Ин мақола ҳашт сабабро ошкор мекунад, ки чаро табиати…
Парастиш
Қиссаи зани сомариро биомӯзед, ки пас аз вохӯрӣ бо Исо парастишгари ҳақиқӣ шуд.
Дуо
31 нуқтаи ҳаррӯзаи дуоро барои роҳнамоии сафари рӯҳонии фарзандони худ кашф кунед. Барои наҷот, меҳрубонӣ…
Дуо
Павлус барои чаҳор ниёзи муҳими инсонӣ дуо гуфт: фаҳмиши рӯҳонӣ, ҳаёти арзанда, истодагарӣ ва рӯҳияи…
Ҳокимияти Худо
Ҳокимият ва файзи Худоро дар озмоишҳои зиндагӣ кашф кунед. Омӯзед, ки ҳузури Ӯро эътироф кунед, Ӯро интизор…
Рушди рӯҳонӣ
Масеҳиён бо муборизаҳои умумӣ ба инсоният, гуноҳ ва пайравӣ ба Масеҳ рӯ ба рӯ мешаванд. Пайдоиши онҳоро…