Барраи Худо
Дар Ваҳй 4 мо ҷалоли Худоро ҳамчун Офаридгор дидем, ки далели ошкор шудани Худо дар Писари муборакашро тасдиқ мекунад. Акнун биёед Ваҳй 5-ро дида бароем, ки дар он мебинем, ки наҷот мавзӯи ибодат аст. Дар дасти рости Ҳокими Мутлақ китобе бо ҳафт мӯҳр мӯҳршуда дида мешавад, ки «аз дарун ва аз берун навишта шудааст».