Симони Петрус аз рӯи касб моҳигир буд ва Худованд Исо он чиро, ки шогирдаш бо он ошно буд, барои таълим додани ӯ истифода бурд. Дар Матто 17 мо як қиссаи дигари моҳиро мебинем, аммо ин қисса ба ҷои тӯр қалмоқро дар бар мегирад ва дарси аҷибе дар бораи шиносоии меҳрубононаи Масеҳ бо халқи худ медиҳад.
Аҳди Қадим моро аз офариниши осмон ва замин то 400 пеш аз милод мебарад. Он бо чунин умед оғоз ёфта, бо таҳдиди лаънат ба охир мерасад (Мал. 4:6). Таърихи рӯҳонии инсоният аз Одаму Ҳавво ва махсусан халқи Исроил, нокомии комили инсониятро дар итоат ба Худо нишон медиҳад.