Зеро, ин ки Ӯ мурд, як бор барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд, аммо ин ки зинда аст, барои Худо зинда аст.
Нома ба Румиён 6:10
Нури рӯзона

Зеро, ин ки Ӯ мурд, як бор барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд, аммо ин ки зинда аст, барои Худо зинда аст.
Нома ба Румиён 6:10
Бинобар ин Ман ба Ӯ дар миёни бузургон ҳиссае хоҳам дод, ва Ӯ ғаниматро бо зӯроварон тақсим хоҳад кард, дар ивази он ки ҷони Худро ба марг таслим намуд, ва аз ҷинояткорон шумурда шуд, ва гуноҳи мардуми бисьёреро бар худ бор кард, ва барои ҷинояткорон шафоат намуд.
Ишаъё 53:12
Ончунон Масеҳ низ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисьёр касон қурбонӣ намуда, бори дуюм на аз барои татҳири гуноҳ зоҳир хоҳад шуд, балки барои онҳое ки Ӯро интизор доранд, то наҷот ёбанд.
Ибриён 9:28
Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.
1 Петрус 2:24
Зеро ки Ӯ ба василаи як қурбонӣ тақдисшавандагонро то абад комил гардондааст.
Ибриён 10:14
Аммо Ӯ, ки то абад боқист, каҳонати бефано дорад, Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.
Ибриён 7:24–25
Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд. Пас, алалхусус алҳол, ки бо Хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт.
Нома ба Румиён 5:8–9
Пас, чӣ тавре ки Масеҳ барои мо ба ҳасби ҷисм уқубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки ба ҳасби ҷисм уқубат кашад, дигар гуноҳ намекунад, То ки боқии умри ҷисмониро на аз рӯи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофиқи иродаи Худо ба сар барад.
1 Петрус 4:1–2
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
21 Июл 2025
Нома ба Румиён 3:1–2
20 Июл 2025
Инҷили Юҳанно 17:16
19 Июл 2025
Инҷили Луқо 1:49
18 Июл 2025
Инҷили Юҳанно 10:3
17 Июл 2025
Юнус 4:2
16 Июл 2025
Хуруҷ 19:6
15 Июл 2025
Инҷили Матто 6:10

Гунаҳ
Вақте ки масеҳиён гуноҳ мекунанд, муносибати онҳо бо Худо бехатар аст, аммо муошират вайрон мешавад. Эътироф…

Бахшиш
Кашф кунед, ки чӣ тавр кори комили Масеҳ ба имондорон бахшиш, сафедкунӣ ва тақдис медиҳад.

Имон
Кашф кунед, ки чӣ тавр бо дӯст доштани Худо, хидмат ба дигарон ва интизории бозгашти Масеҳ ба соли нави…

Гунаҳ
Атои Худо ҳаёти ҷовидонӣ дар Исои Масеҳ, Худованди мост, менависад маҷаллаи «Файз ва Ҳақиқат». Чунон ки…

Пешгӯӣ
Ишаъё 53 азобҳо ва баландбардории ниҳоии Масеҳро пешгӯӣ мекунад. Таҳқири Ӯ, рад кардани Ӯ ва кори кафорати…

Муҳаббат
Ин мақола агапе, ё «муҳаббати сар»,-ро ҳамчун интихоби муҳаббати бечунучаро, мисли он ки Худо моро дӯст…