Пас, яҳудӣ чӣ бартарӣ дорад, ё ки хатна чӣ фоида дорад? Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон каломи Худо супурда шудааст.
Нома ба Румиён 3:1–2
Нури рӯзона

Пас, яҳудӣ чӣ бартарӣ дорад, ё ки хатна чӣ фоида дорад? Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон каломи Худо супурда шудааст.
Нома ба Румиён 3:1–2
Худро барои Худованд махтун намоед ва ғилофаки дилҳои худро дур кунед, эй мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим, мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо, мисли оташ берун омада, аланга занад, ва касе набошад, ки онро хомӯш кунад.
Ирмиё 4:4
Аз ин рӯ, Ман низ бар хилофи онҳо рафтор кардаам, ва онҳоро ба замини душманонашон овардаам, то ки, шояд, он гоҳ дили номахтунашон мутеъ шуда, барои гуноҳи худ сазо ёбанд. Ва Ман аҳди Худро, ки бо Яъқуб бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва аҳди Худро, ки бо Исҳоқ бастаам, ва аҳди Худро, ки бо Иброҳим бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва ин заминро ба ёд хоҳам овард.
Ибодат 26:41–42
Зеро ман мегӯям, ки Исои Масеҳ, ба хотири ростии Худо, барои махтунон хизматгузор шуд, то ки ваъдаҳои ба падарон додашударо ба иҷро расонад,
Нома ба Румиён 15:8
Ва дар Ӯ шумо махтун шудаед, вале на ба хатнае ки бо дасти одамизод сохта шудааст, балки ба хатнаи Масеҳ, ки ҷисми башариро канор мегузорад,
Нома ба Қӯлассиён 2:11
Ва шуморо, ки дар гуноҳҳо ва дар номахтунии ҷисми худ мурда будед, бо Ӯ зинда карда, ҳамаи гуноҳҳотонро омурзид.
Нома ба Қӯлассиён 2:13
Пас рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед, Ва хиради шумо бояд дар Рӯҳ тоза шавад, Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед.
Нома ба Эфсӯсиён 4:22–24
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
20 Июл 2025
Инҷили Юҳанно 17:16
19 Июл 2025
Инҷили Луқо 1:49
18 Июл 2025
Инҷили Юҳанно 10:3
17 Июл 2025
Юнус 4:2
16 Июл 2025
Хуруҷ 19:6
15 Июл 2025
Инҷили Матто 6:10
14 Июл 2025
Инҷили Матто 12:34
Гунаҳ
Маънои библиявии дил ва гуноҳро ҳамчун бемории рӯҳонии он омӯзед. Нуқтаи назари Худо, ҳамлаҳои Шайтон ва…
Исои Масеҳ
Гурези Довуд аз Абшолӯм ва итоати ӯ ба интизоми Худо тавассути баргардонидани сандуқ салиби Масеҳро пеш аз…

Дуо
31 нуқтаи ҳаррӯзаи дуоро барои роҳнамоии сафари рӯҳонии фарзандони худ кашф кунед. Барои наҷот, меҳрубонӣ…
Умед
Кашф кунед, ки чӣ гуна ваъдаҳои тағйирнопазири Худо барои ҷони шумо лангари мутмаин ва устуворро таъмин…
Парастиш
Исо ошкор мекунад, ки ибодати ҳақиқӣ дар рӯҳ ва ҳақиқат аст, на дар расму оинҳои холӣ ё маъбадҳои ҷисмонӣ…
Бахшиш
Кашф кунед, ки чӣ тавр кори комили Масеҳ ба имондорон бахшиш, сафедкунӣ ва тақдис медиҳад.