1 Барои сардори муғанниён. Дар шаъни шафақи субҳ. Таронаи Довуд.
2 Худои ман! Худои ман! Чаро маро тарк кардаӣ?
Аз наҷотам ва аз суханони фиғонам дур ҳастӣ.
3 Эй Худои ман! Рӯзона мехонам, ва маро иҷобат намекунӣ,
шабона низ, ва маро оромӣ нест.
4 Вале Ту, эй Қуддус,
бар ҳамду саноҳои Исроил нишастаӣ.
5 Падарони мо ба Ту таваккал мекарданд;
таваккал мекарданд, ва онҳоро раҳоӣ медодӣ;
6 Сӯи Ту фарьёд мекашиданд ва халосӣ меёфтанд;
ба Ту таваккал мекарданд ва хиҷил намешуданд.
7 Валекин ман кирм ҳастам, ва на одамизод;
нанги мардумон ҳастам ва нафратзадаи қавм.
8 Ҳар кӣ маро бинад, тамасхур мекунад;
лаб мекушоянд, сар меҷунбонанд:
9 «Ба Худованд таваккал карда буд, ӯро раҳо кунад;
агар дилхоҳаш бошад, ӯро наҷот диҳад».
10 Аммо Ту маро аз шикам берун овардаӣ,
бар пистони модарам эмин доштаӣ.
11 Аз батн бар Ту партофта шудаам;
аз шиками модарам Ту Худои ман ҳастӣ.
12 Аз ман дур набош, зеро ки тангӣ наздик аст,
ва мададгоре нест.
13 Говони бисьёре маро иҳота кардаанд,
говмешони Бошон даври маро гирифтаанд,
14 Даҳони худро бар ман воз кардаанд,
мисли шере ки медарад ва наъра мезанад.
15 Мисли об пош хӯрдаам;
ҳамаи устухонҳоям аз ҳам ҷудо шудааст;
дилам чун мум гардида, андаруни амъоям гудохта шудааст.
16 Қувватам мисли сафол хушкидааст,
забонам ба комам часпидааст,
ва маро бар хоки мамот ниҳодаӣ.
17 Зеро ки сагон маро иҳота кардаанд;
тӯдаи бадкешон гирди маро ҳамчун шере гирифта,
дастҳо ва пойҳоямро маҷрӯҳ карданд.
18 Ҳамаи устухонҳоямро мешуморам,
лекин онҳо тамошокунон аз ман ниқор мегиранд.
19 Сару либоси маро дар миёни худ тақсим мекунанд
ва бар пероҳани ман қуръа мепартоянд.
20 Валекин Ту, эй Худованд, дур набош.
Эй қуввати ман, ба мадади ман шитоб кун.
21 Ҷонамро аз шамшер халос кун,
ягонаамро аз дасти сагон.
22 Маро аз даҳони шер наҷот деҳ, ва иҷобат намуда,
аз шохҳои говони ваҳшӣ халос кун.
23 Исми Туро ба бародаронам шӯҳрат хоҳам дод,
дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард.
24 Эй тарсгорони Худо, Ӯро мадҳ кунед!
Эй тамоми насли Яъқуб, Ӯро ҷалол диҳед!
Ва эй тамоми насли Исроил, аз Ӯ тарсон бошед!
25 Зеро ки Ӯ мазлумияти камбағалро ҳақир ва хор намешуморад,
ва рӯи Худро аз вай пинҳон надошт,
балки, чун сӯи Ӯ истиғоса бурд, варо иҷобат намуд.
26 Ҳамду санои ман дар ҷамоати бузург аз Туст.
Назрҳоямро пеши тарсгорони Ӯ адо хоҳам кард.
27 Бигзор ҳалимон бихӯранду сер шаванд;
толибони Худованд Ӯро мадҳ кунанд;
дилҳои шумо то абад зинда бод.
28 Тамоми ақсои замин Худовандро зикр намуда, сӯи Ӯ руҷӯъ хоҳанд кард,
ва ҳамаи қабилаҳои халқҳо пеши Ту саҷда хоҳанд кард,
29 Зеро ки салтанат аз они Худованд аст,
ва Ӯ бар халқҳо ҳукмфармост.
30 Ҳамаи танумандони замин хӯрда, саҷда хоҳанд кард;
ҳар кӣ ба хок мефурояд ва ҷони худро зинда карда наметавонад, пеши Ӯ зону хоҳад зад.
31 Зурьёташон Ӯро ибодат хоҳанд намуд,
корномаҳои Худовандро ба насли баъдина ривоят хоҳанд кард;
32 Онҳо омада, адолати Ӯро, ки ба амал овардааст,
ба қавме ки таваллуд хоҳад шуд, нақл хоҳанд кард.
1 Таронаи Довуд.
Худованд Чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд.
2 Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад,
сӯи обҳои роҳатафзо маро мебарад,
3 Ҷонамро қувват мебахшад,
ба хотири исми Худ маро
ба роҳҳои адолат равона мекунад.
4 Дар водии зулмот роҳ равам ҳам,
аз бадӣ наметарсам, чунки Ту бо ман ҳастӣ;
асо ва чӯбдасти Ту маро тасаллӣ медиҳад.
5 Суфрае барои ман пеши назари хасмҳоям андохтаӣ,
бо равған сарамро тадҳин намудаӣ;
косаи ман лабрез аст.
6 Пас, некӯӣ ва эҳсон тамоми айёми умрам бо ман ҳамроҳӣ хоҳанд кард,
ва ман муддати дуру дароз дар хонаи Худованд сокин хоҳам буд.
1 Таронаи Довуд.
Замин ва ҳар чӣ дар он аст, дуньё ва сокинони он аз они Худованд аст;
2 Зеро ки Ӯ онро бар баҳрҳо буньёд кардааст
ва бар дарьёҳо барқарор намудааст.
3 Кист, ки ба кӯҳи Худованд барояд,
ва кист, ки дар мақоми муқаддаси Ӯ биистад?
4 Каси покизадаст ва покдил,
ки ҷонаш ба орзуҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад,
ва қасами дурӯғ нахӯрда бошад, —
5 Баракат аз Худованд
ва хайр аз Худои наҷотдиҳандаи худ хоҳад ёфт.
6 Ин аст насли толибони Ӯ,
толибони рӯи Ту, эй Худои Яъқуб! Село.
7 Эй дарвозаҳо, сарҳои худро баланд кунед!
Ва эй дарҳои қадим, бардошта шавед!
Подшоҳи ҷалол меояд!
8 Кист ин Подшоҳи ҷалол? —
Худованди қодир ва ҷаббор,
Худованде ки дар ҷанг ҷаббор аст.
9 Эй дарвозаҳо, сарҳои худро баланд кунед!
Ва эй дарҳои қадим, бардошта шавед!
Подшоҳи ҷалол меояд!
10 Кист Ӯ, ин Подшоҳи ҷалол? —
Худованди лашкарҳост,
ки Ӯ Подшоҳи ҷалол аст. Село.
Забур 21 · Забур 22 · Забур 23 · KM92
Вақте ки нависандаи Ибриён номаи аҷиби аз Худо илҳомёфтаи худро, ки онро «сухани насиҳат» меномад (Ибр. 13:22), ба итмом мерасонад, ӯ як тавсифи ниҳоии бузургии Масеҳро ба хонандагонаш пешниҳод мекунад: Ӯ чӯпони бузурги гӯсфандон аст.
Худованд Исо дар якчанд маврид дар Аҳди Ҷадид ҳамчун чӯпон тасвир шудааст. Ӯ Чӯпони Нек аст, ки ҷони Худро барои гӯсфандон дод (Юҳ. 10:11); Ӯ Чӯпони Бузург аст, ки аз мурдагон эҳё шудааст ва худро роҳбарӣ мекунад (Ибр. 13:20); ва Ӯ Сарчӯпон аст, ки дар ҷалол хоҳад омад ва чӯпонони зерини Худро мукофот хоҳад дод (1 Пет. 5:4). Ин се хусусият ба таври аҷиб дар Забур 22, 23 ва 24 пешгӯӣ шудаанд. Ӯ барои мо дар салиб азоб кашид (Заб. 22); Ӯ Чӯпонест, ки ҳоло моро ба чарогоҳҳои сабз роҳнамоӣ мекунад ва ҷони моро барқарор мекунад (Заб. 23); ва Ӯ Подшоҳи ҷалол аст (Заб. 24). Ӯ барои мо мурд, Ӯ барои мо зиндагӣ мекунад ва Ӯ боз барои мо меояд.
Хуни аҳди абадӣ асоси ҳама чиз аст, «аҳди нав дар хуни Ман», ки барои мо рехта шуд (Луқ. 22:20; ниг. Ҳизқ. 37:26). Мо дар Китоби Муқаддас чӯпонони дигарро пайдо мекунем: Яъқуб, Мусо, Довуд ва Куруш ҳама ҳамчун чӯпон тасвир шудаанд; аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо «бузург» номида нашудаанд. Мо ҳеҷ баҳонае барои роҳ рафтан дар роҳҳои гуноҳ надорем, мо, ки зери назорати бодиққат ва ғамхории Чӯпони Бузург ҳастем.