3 «Ман яҳудӣ ҳастам, ки дар Тарсуси Қилиқия таваллуд шудаам ва дар ин шаҳр дар хизмати Ҷамлиил тарбият ёфтаам ва шариати падаронро бодиққат омӯхтаам ва дар роҳи Худо ғаюр будам, чунон ки ҳамаи шумо имрӯз ҳастед;
9 Оре, ман ҳам пештар барои худ воҷиб медонистам, ки бар зидди исми Исои Носирӣ ҳар чи зиёдтар амал кунам,
10 Чӣ тавре ки дар Ерусалим мекардам: аз саркоҳинон изн гирифта, бисьёр муқаддасонро дар зиндон меандоҳтам, ва ҳангоме ки онҳоро мекуштанд, бар зиддашон фатво медодам;
1 Шоул, ки ҳанӯз таҳдид ва қатл бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт
2 Ва аз ӯ номаҳо барои куништҳои Димишқ пурсида гирифт, то ки агар марде ё занеро аз пайравони ин тариқат биёбад, бандӣ карда, ба Ерусалим оварад.
3 Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ӯ дурахшид;
4 Ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?»
5 Гуфт: «Худовандо, Ту кистӣ?» Худованд гуфт: «Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; лагад заданат ба сихак душвор аст».
6 Ва ӯ ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт: «Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ба ҷо оварам?» Ва Худованд дар ҷавоб гуфт: «Бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ».
7 Аммо онҳое ки ҳамсафари ӯ буданд, моту мабҳут меистоданд, зеро ки он садоро шуниданд, лекин ҳеҷ касро надиданд.
8 Шоул аз замин бархост, ва чашмонаш кушода бошад ҳам, ҳеҷ касро намедид; аз дасташ гирифта, ӯро ба Димишқ бурданд;
9 Дар он ҷо се рӯз нобино монд, ва чизе нахӯрд ва нанӯшид.
10 Дар Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд; Худованд дар рӯъё ба ӯ гуфт: «Эй Ханониё!» Ҷавоб дод: «Лаббай, Худовандо!»
11 Худованд ба ӯ гуфт: «Бархез ва ба кӯчае ки Рост ном дорад, бирав ва Шоул ном тарсусиро дар ҳонаи Яҳудо суроғ кун, ки ӯ ҳоло ба дуо машғул аст
12 Ва Ханониё ном шахсеро дар рӯъё дидааст, ки омада, бар ӯ даст гузоштааст, то ки бино шавад».
13 Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисьёр касон шунидаам, ки дар Ерусалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст;
14 Дар ин ҷо низ аз саркоҳинон изн дорад, ки ҳамаи касонеро, ки исми Туро мехонанд, бандӣ кунад».
15 Аммо Худованд ба вай гуфт: «Ту бояд биравӣ, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқхо ва подшоҳон ва банӣ‐Исроил эълон намояд;
16 Зеро ки Ман ба ӯ нишон хоҳам дод, ки барои исми Ман ӯ чӣ қадар азобу уқубат бояд бикашад».
17 Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ».
18 Дарҳол аз чашмони ӯ чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархоста, таъмид гирифт
19 Ва ҳӯрок ҳӯрда, қувват гирифт. Якчанд рӯз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд;
20 Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ӯ Писари Худост.
21 Ҳар кӣ суханонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт: «Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомада буд, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинон барад?»
22 Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт бештар қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро дар ҳайрат андохта, исбот мекард, ки Ҳамин Исо Масеҳ аст.
23 Баъд аз гузаштани якчанд вақт яҳудиён қасд карданд, ки ӯро бикушанд.
24 Шоул аз қасди онҳо хабардор шуд; вале онҳо шабу рӯз назди дарвозаи шахр поида меистоданд, то ки ӯро бикушанд.
25 Шогирдон ӯро шабона гирифта, дар сабаде гузоштанд ва аз девори шаҳр поён фуроварданд.
26 Вақте ки Шоул ба Ерусалим расид, ҳост ба шогирдон ҳамроҳ шавад, лекин ҳама аз ӯ метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ӯ шогирд аст.
27 Он гоҳ Барнаббо ӯро гирифта, назди ҳаввориён овард ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худовандро дар роҳ дидааст, ва Худованд ба ӯ сухан гуфтааст, ва чӣ гуна ӯ дар Димишқ ба исми Исо далерона мавъиза намудааст.
28 Пас аз он ӯ дар Ерусалим бо онҳо омаду рафт мекард ва ба исми Исои Худованд далерона мавъиза менамуд.
Аъмоли Ҳаввориён 22:3 · Аъмоли Ҳаввориён 26:9–10 · Аъмоли Ҳаввориён 9:1–28 · KM92
Шоул дар шаҳри Тарсус дар Туркияи муосир таваллуд шудааст. Ӯ ба қабилаи Биньёмин тааллуқ дошт ва ба забони юнонӣ Саулос ном дошт, ки аз номи ибронии Шаул гирифта шудааст, ки маънои «матлуб»-ро дорад. Аввалин подшоҳи Исроил ҳамин номро дошт ва ӯ аз ҳамин қабила буд.
Зодгоҳи Шоул, Тарсус, як қисми Империяи Рум буд ва дар он ҷо донишгоҳи машҳур дошт. Мувофиқи қонуни Рум, шахсе, ки дар қаламрави онҳо таваллуд шудааст, новобаста аз нажодаш, шаҳрванди Рум мегардад. Волидони Шоул ба писарашон номи юнонии Павлосро мувофиқи забони империя доданд. Ӯ ҳамчун яҳудии диндор тарбия ёфта, ба забони ибронӣ ва Навиштаҳо таълим гирифтааст (Фил. 3). Баъдтар, Шоул дар Ерусалим аз ҷониби раввини машҳур Гамалиил таълими иловагӣ гирифт (Аъмол 22:3). Аксарияти яҳудиён Исои Носириро рад карданд ва Шоул низ ҳамин тавр кард. Ӯ нисбат ба он яҳудиёне, ки пайрави Исои Носирӣ шуда буданд, нафрати шадид пайдо кард.
Худо дахолат кард, вақте ки худи Исо ба Шоул дар роҳи Димишқ, дар наздикии шаҳр зоҳир шуд (Аъмол 9:1–28). Ин вохӯрӣ Шоулро то абад тағйир дод ва ӯро барои хидматгори содиқи Масеҳ шудан омода кард. Павлус ба бисёр шаҳрҳо ва шаҳракҳо ташриф овард ва бисёриҳо паёми ӯро қабул карданд ва ба Каломи Худо тавассути кори Худо дар онҳо имон оварданд. Худо дар ҷойҳое, ки Павлус ташриф овард, пирӯз шуд ва ҷамъомадҳо ташкил ёфтанд. Ӯро ҳамду сано гӯед!