1 Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид.
2 Ва замин дар ҳолати ҳарҷумарҷ буд, ва торикӣ бар рӯи варта; ва Рӯҳи Худо бар рӯи об дар парвоз буд.
3 Ва Худо гуфт: «Рӯшноӣ бишавад». Ва рӯшноӣ шуд.
4 Ва Худо рӯшноиро дид, ки хуб аст; ва Худо рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кард.
5 Ва Худо рӯшноиро рӯз номид, ва торикиро шаб номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи аввал.
6 Ва Худо гуфт: «Фалаке бошад дар миёни об, ва обро аз об ҷудо кунад».
7 Ва Худо фалакро ба вуҷуд овард; ва оби зери фалакро аз оби болои фалак ҷудо кард. Ва чунин шуд.
8 Ва Худо фалакро осмон номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи дуюм.
9 Ва Худо гуфт: «Оби зери осмон дар як ҷо ҷамъ шавад, ва хушкӣ намудор шавад». Ва чунин шуд.
10 Ва Худо хушкиро замин номид, ва маҷмӯи обҳоро баҳрҳо номид. Ва Худо дид, ки хуб аст.
11 Ва Худо гуфт: «Замин наботот бирӯёнад, алафе ки тухм меоварад, дарахти мевадоре ки мувофиқи ҷинси худ мева медиҳад, ки тухмаш дар он бар рӯи замин бошад». Ва чунин шуд.
12 Ва замин наботот рӯёнид, алафе ки мувофиқи ҷинси худ тухм меоварад, ва дарахти мевадоре ки тухмаш дар он мувофиқи ҷинси худ бошад. Ва Худо дид, ки хуб аст.
13 Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи сеюм.
14 Ва Худо гуфт: «Найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки рӯзро аз шаб ҷудо кунанд, ва барои аломатҳо, ва замонҳо, ва рӯзҳо, ва солҳо бошанд;
15 Ва найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд». Ва чунин шуд.
16 Ва Худо ду найири бузург ба вуҷуд овард: найири аъзам, барои салтанати рӯз, ва найири асғар, барои салтанати шаб, ва ситорагон;
17 Ва Худо онҳоро дар фалаки осмон гузошт, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд,
18 Ва бар рӯзу шаб салтанат ронанд, ва рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кунанд. Ва Худо дид, ки хуб аст.
19 Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи чорум.
20 Ва Худо гуфт: «Об аз ҷонварҳои бешумор пур шавад; ва паррандагон болои замин, бар рӯи фалаки осмон парвоз кунанд».
21 Ва Худо наҳангони бузург ва ҳар гуна ҷонварҳои хазандаро, ки об аз онҳо мувофиқи ҷинсашон пур шуд, ва ҳар гуна паррандагони болдорро мувофиқи ҷинсашон офарид. Ва Худо дид, ки хуб аст.
22 Ва Худо онҳоро баракат дода, гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва обҳои баҳрҳоро пур кунед, ва паррандагон бар замин афзун шаванд».
23 Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи панҷум.
24 Ва Худо гуфт: «Замин ҷони зиндаро мувофиқи ҷинсаш, чорпоён, ва ҳайвоноти хазанда, ва ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон берун оварад». Ва чунин шуд.
25 Ва Худо ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон, ва чорпоёнро мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноти хазандаи заминро мувофиқи ҷинсаш ба вуҷуд овард. Ва Худо дид, ки хуб аст.
26 Ва Худо гуфт: «Одамро ба сурати Мо, ба шабоҳати Мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, ҳукм ронанд».
27 Ва Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид.
28 Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед».
29 Ва Худо гуфт: «Инак, Ман ҳар алафи тухмдорро, ки бар рӯи тамоми замин ҳаст, ва ҳар дарахтеро, ки дорои меваи дарахти тухмдор мебошад, ба шумо додам, то ки барои шумо хӯрок бошад.
30 Ва ба ҳамаи ҳайвонҳои замин, ва ба ҳамаи паррандагони осмон, ва ба ҳар хазандаи рӯи замин, ки ҷони зинда дорад, Ман тамоми алафи сабзро барои хӯрок додам». Ва чунин шуд.
31 Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.
1 Ва Еҳушаъ ҳамаи сибтҳои Исроилро дар Шакем ҷамъ кард, ва пирони Исроил, раисон, доварон ва нозирони онҳоро даъват намуд, ва онҳо ба хузури Худо истоданд.
2 Ва Еҳушаъ ба тамоми қавм гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Падарони шумо, яъне Тораҳ падари Иброҳим ва падари Ноҳӯр, аз қадимулайём дар он тарафи наҳр сокин буданд ва худоёни дигарро ибодат мекарданд.
3 Вале Ман падаратон Иброҳимро аз он тарафи наҳр гирифтам, ва ӯро дар тамоми замини Канъон гардонидам, ва насли ӯро афзун кардам, ва Исҳоқро ба ӯ додам.
4 Ва Яъқуб ва Эсовро ба Исҳоқ додам; ва кӯҳи Сеирро ба Эсов додам, то ки онро ба тасарруфи худ дароварад; ва Яъқуб ва писаронаш ба Миср фурӯд омаданд.
5 Ва Мусо ва Ҳорунро фиристода, Мисрро бо он чи андаруни вай ба амал овардам, зарба задам, ва баъд аз он шуморо берун овардам.
6 Ва падарони шуморо аз Миср берун овардам, ва шумо сӯи баҳр омадед; ва мисриён бо аробаҳо ва саворон падарони шуморо то баҳри Қулзум таъқиб карданд.
7 Ва сӯи Худованд истиғоса бурдед, Ӯ дар миёни шумо ва мисриён торикӣ гузошт, ва баҳрро бар онҳо равона карда, онҳоро пӯшонид, ва чашмони шумо он чиро, ки дар Миср кардам, дидааст; ва айёми зиёде дар биёбон сокин будед.
8 Ва шуморо ба замини амӯриён, ки дар он тарафи Урдун сокин буданд, овардам, ва онҳо бо шумо ҷанг карданд; вале Ман онҳоро ба дасти шумо супурдам, ва шумо замини онҳоро ба тасарруфи худ даровардед, ва Ман онҳоро аз пеши шумо маҳв намудам.
9 Ва Болоқ ибни Сиффӯр, подшоҳи Мӯоб, бархоста, бо Исроил ҷанг кард, ва фиристода, Билъом ибни Баӯрро даъват намуд, то ки ба шумо лаънат гӯяд.
10 Вале Ман нахостам Билъомро бишнавам, ва ӯ шуморо баракат дод, ва Ман шуморо аз дасти ӯ раҳо кардам.
11 Ва шумо аз Урдун гузашта, назди Ериҳӯ омадед, ва сокинони Ериҳӯ, амӯриён, фариззиён, канъониён, ҳиттиён, ҷирҷошиён, ҳиввиён ва ябусиён бо шумо ҷанг карданд, вале Ман онҳоро ба дасти шумо супурдам.
12 Ва занбӯри алоро пешопеши шумо фиристода, онҳоро, яъне ду подшоҳи амӯриро аз пеши шумо бадар рондам, — на бо шамшери шумо ва на бо камони шумо.
13 Ва заминеро, ки дар он меҳнат накардаед, ва шаҳрҳоеро, ки бино нанамудаед, ба шумо додам, ва шумо дар онҳо сокин мебошед; аз токҳо ва дарахтони зайтуне ки шумо нашинондаед, мева мехӯред“.
14 Ва алҳол аз Худованд битарсед ва Ӯро бо самимият ва ростӣ ибодат намоед ва худоёнеро, ки падаронатон дар он тарафи наҳр ва дар Миср ибодат намудаанд, аз худ дур карда, Худовандро ибодат намоед.
15 Ва агар дар назари шумо писанд наояд, ки Худовандро ибодат намоед, пас имрӯз барои худ интихоб кунед, ки киро ибодат хоҳед намуд: оё худоёнеро, ки падарони шумо дар он тарафи наҳр ибодат мекарданд, ё худоёни амӯриёнро, ки дар заминашон сукунат доред; валекин ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард».
16 Ва қавм ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳошо ва калло, ки мо Худовандро тарк карда, худоёни дигарро ибодат намоем!
17 Зеро ки Худованд Худои мост, ки Ӯ мо ва падарони моро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард, ва ин аломати бузургро дар пеши назари мо нишон дод, ва моро дар тамоми роҳе ки рафтем, ва андаруни ҳамаи қавмҳое ки аз миёнашон гузаштем, нигаҳбонӣ намуд.
18 Ва Худованд ҳамаи қавмҳо ва амӯриёнро, ки дар ин замин сокин буданд, аз пеши мо бадар ронд; мо низ Худовандро ибодат хоҳем кард, зеро ки Ӯ Худои мост».
19 Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо наметавонед Худовандро ибодат намоед, зеро ки Ӯ Худои қуддус аст, ва Ӯ Худои ғаюр аст, ки ба маъсиятҳо ва гуноҳҳои шумо тоқат нахоҳад кард.
20 Агар шумо Худовандро тарк карда, худоёни бегонаро ибодат намоед, Ӯ гашт карда ва ба шумо осеб расонида, агарчи пеш аз ин ба шумо некӣ кардааст, шуморо ба ҳалокат хоҳад расонид».
21 Ва қавм ба Еҳушаъ гуфтанд: «Не, мо Худовандро ибодат хоҳем намуд».
22 Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо бар худ шоҳид ҳастед, ки Худовандро барои худ интихоб кардаед, то ки Ӯро ибодат намоед». Ва онҳо гуфтанд: «Шоҳид ҳастем».
23 «Ва алҳол худоёни бегонаро, ки дар миёни шумо ҳастанд, дур кунед ва дили худро ба Худованд Худои Исроил моил гардонед».
24 Ва қавм ба Еҳушаъ гуфтанд: «Худованд Худои худро ибодат хоҳем намуд ва овози Ӯро хоҳем шунид».
25 Ва Еҳушаъ дар он рӯз бо қавм аҳд баст ва барои онҳо дар Шакем фароиз ва шариат қарор дод.
26 Ва Еҳушаъ ин суханонро дар китоби шариати Худо навишт; ва санги бузурге гирифта, онро дар он ҷо зери булуте ки назди қудси Худованд буд, гузошт.
27 Ва Еҳушаъ ба тамоми қавм гуфт: «Инак, ин санг барои мо шоҳид хоҳад буд, зеро ки он ҳамаи суханони Худовандро, ки ба мо гуфт, шунидааст; ва он ба муқобили шумо шоҳид хоҳад буд, агар Худои худро инкор намоед».
28 Ва Еҳушаъ қавмро фиристод, то ҳар яке ба мулки худ равона шаванд.
29 Ва баъд аз ин ҳодисаҳо Еҳушаъ ибни Нун, бандаи Худованд, дар синни саду даҳсолагӣ вафот ёфт.
30 Ва ӯро дар худуди мулкаш, дар Тимнат‐Сораҳ, ки дар кӯҳи Эфроим, ба тарафи шимолии кӯҳи Ҷоаш мебошад, дафн карданд.
31 Ва Исроил дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ зинда буданд ва ҳамаи корҳои Худовандро, ки барои Исроил карда буд, медонистанд, Худовандро ибодат намуданд.
32 Ва устухонҳои Юсуфро, ки банӣ‐Исроил аз Миср бароварда буданд, дар Шакем дар қитъаи замине ки Яъқуб аз банӣ‐Ҳамӯр падари Шакем ба сад сикка харида буд, дафн карданд; ва он мулки банӣ‐Юсуф гардид.
33 Ва Элъозор ибни Ҳорун вафот ёфт, ва ӯро бар тали писараш Финҳос, ки дар кӯҳи Эфроим ба ӯ дода шуда буд, дафн карданд.
14 Ва алҳол аз Худованд битарсед ва Ӯро бо самимият ва ростӣ ибодат намоед ва худоёнеро, ки падаронатон дар он тарафи наҳр ва дар Миср ибодат намудаанд, аз худ дур карда, Худовандро ибодат намоед.
15 Ва агар дар назари шумо писанд наояд, ки Худовандро ибодат намоед, пас имрӯз барои худ интихоб кунед, ки киро ибодат хоҳед намуд: оё худоёнеро, ки падарони шумо дар он тарафи наҳр ибодат мекарданд, ё худоёни амӯриёнро, ки дар заминашон сукунат доред; валекин ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард».
Ҳастӣ · Еҳушаъ ибни Нун 24 · Еҳушаъ ибни Нун 24:14–15 · KM92