1 Ва инак, марди Худо бар тибқи каломи Худованд аз Яҳудо ба Байт‐Ил омад, ва Ёробъом назди қурбонгоҳ истода буд, то ки бухур бисӯзонад.
2 Ва бар тибқи каломи Худованд вай ба қурбонгоҳ муроҷиат намуда, гуфт: «Эй қурбонгоҳ, қурбонгоҳ! Худованд чунин мегӯяд: „Инак, писаре дар хонадони Довуд таваллуд меёбад, ки Йӯшиёҳу ном дорад; ва ӯ коҳинони баландиҳоро, ки бар ту бухур месӯзонанд, бар ту забҳ хоҳад кард, ва устухонҳои одамро бар ту хоҳанд сӯзонид“».
3 Ва дар он рӯз вай аломате нишон дода, гуфт: «Ин аст аломати он ки инро Худованд гуфтааст: „Инак, ин қурбонгоҳ аз ҳам ҷудо шуда, хокистаре ки бар он аст, пошида хоҳад шуд“».
4 Ва ҳангоме ки подшоҳ сухани марди Худоро шунид, ки вай ба қурбонгоҳи Байт‐Ил муроҷиат намуда мегуфт, Ёробъом дасти худро аз болои қурбонгоҳ дароз карда, гуфт: «Варо дастгир кунед!» Ва дасти ӯ, ки сӯи вай дароз карда буд, хушк шуд, ва ӯ натавонист онро ба тарафи худ баргардонад.
5 Ва қурбонгоҳ аз ҳам чудо шуда, хокистар аз болои қурбонгоҳ пошида шуд, ҳамчун аломате ки марди Худо бар тибқи каломи Худованд нишон дода буд.
6 Ва подшоҳ ба марди Худо сухан ронда, гуфт: «Лутфан, пеши Худованд Худои худ тазаррӯъ намо ва барои ман дуо гӯй, то ки дасти ман ба тарафи ман баргардад». Ва марди Худо пеши Худованд тазаррӯъ намуд, ва дасти подшоҳ ба тарафи вай баргашт ва мисли пештара шуд.
7 Ва подшоҳ ба марди Худо гуфт: «Бо ман ба хона биё ва хӯроке бихӯр, ва ман ба ту инъом хоҳам дод».
8 Валекин марди Худо ба подшоҳ гуфт: «Агар ту нисфи хонаи худро ба ман бидиҳӣ, бо ту нахоҳам рафт, ва дар ин макон на нон хоҳам хӯрд, ва на об хоҳам нӯшид.
9 Зеро ки ба ман бар тибқи каломи Худованд чунин амр фармуда ва гуфта шудааст: „Нон нахӯр, ва об нанӯш, ва бо роҳе ки омадаӣ, барнагард“».
10 Ва ӯ бо роҳи дигаре рафт, ва бо роҳе ки ба Байт‐Ил омада буд, барнагашт.
11 Ва набии пиронсоле дар Байт‐Ил сокин буд; ва писаронаш омада, ҳар кореро, ки марди Худо он рӯз дар Байт‐Ил карда буд, ба ӯ ҳикоят намуданд, ва суханонеро, ки вай ба подшоҳ гуфта буд, ба падари худ нақл карданд.
12 Ва падарашон ба онҳо гуфт: «Бо кадом роҳ вай рафт?» Ва писаронаш дида буданд, ки он марди Худо, ки аз Яҳудо омада буд, бо кадом роҳ рафт.
13 Ва ӯ ба писаронаш гуфт: «Барои ман харро зин кунед». Ва онҳо барои ӯ харро зин карданд, ва ӯ бар он савор шуд;
14 Ва аз паи марди Худо рафта, варо зери дарахти писта нишаста ёфт, ва ба вай гуфт: «Оё ту он марди Худо ҳастӣ, ки аз Яҳудо омадаӣ?» Вай гуфт: «Ман ҳастам».
15 Ва ба вай гуфт: «Бо ман ба хона биё, ва нон бихӯр».
16 Вале вай гуфт: «Ман наметавонам бо ту баргардам ва назди ту биравам; ва дар ин макон бо ту нон нахоҳам хӯрд, ва об нахоҳам нӯшид;
17 Зеро ки ба ман бар тибқи каломи Худованд гуфта шудааст: „Дар он ҷо нон нахӯр, ва об нанӯш, ва бо роҳе ки омадаӣ, барнагард“».
18 Ва ӯ ба вай гуфт: «Ман низ набие мисли ту ҳастам, ва фариштае бар тибқи каломи Худованд ба ман сухан ронда, гуфт: „Варо бо худ ба хонаат баргардон, то ки вай нон бихӯрад ва об бинӯшад“». Аммо ӯ ба вай дурӯғ гуфт.
19 Вай бо ӯ баргашта, дар хонаи ӯ нон хӯрд, ва об нӯшид.
20 Ва ҳангоме ки онҳо назди миз нишаста буданд, каломи Худованд бар набие ки варо баргардонида буд, нозил шуд,
21 Ва ӯ ба марди Худо, ки аз Яҳудо омада буд, муроҷиат намуда, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Азбаски аз иҷрои каломи Худованд сар тофтӣ, ва амреро, ки Худованд Худои ту ба ту фармуда буд, риоя нанамудӣ,
22 Балки баргашта, дар маконе ки дар бораи он Ӯ ба ту гуфта буд: «Нон нахӯр ва об нанӯш», ту нон хӯрдӣ ва об нӯшидӣ, бинобар ин ҷасади ту ба мақбараи падаронат дохил нахоҳад шуд“».
23 Ва баъд аз он ки вай нон хӯрд ва об нӯшид, харро барои вай зин кард, яъне барои набие ки баргардонида буд.
24 Ва ҳангоме ки вай рафт, шере варо дар роҳ ёфта, кушт; ва ҷасади вай дар сари роҳ партофта шуда буд, ва хар назди он меистод, ва шер назди ҷасад меистод.
25 Ва инак, одамоне ки мегузаштанд, диданд, ки ҷасаде дар сари роҳ партофта шудааст, ва шере назди ҷасад истодааст; ва онҳо омада, дар шаҳре ки набии пиронсол дар он сокин буд, ҳикоят карданд.
26 Ва набие ки варо аз роҳ баргардонида буд, инро шунида, гуфт: «Ин ҳамон марди Худост, ки аз иҷрои каломи Худо сар тофт, ва Худованд варо ба шер супурдааст, ва он варо бар тибқи каломи Худованд, ки ба ӯ гуфта буд, куштааст».
27 Ва ӯ ба писаронаш сухан ронда, гуфт: «Барои ман харро зин кунед». Ва онҳо онро зин карданд.
28 Ва ӯ рафта, ҷасади варо ёфт, ки дар сари роҳ партофта шуда буд, ва хар ва шер назди часад меистоданд; шер ҷасадро нахӯрда буд, ва харро надарида буд.
29 Ва набӣ ҷасади марди Худоро бардошта болои хар гузошт ва гардонида бурд; ва набии пиронсол ба шаҳр омад, то ки мотам гирифта, варо дафн кунад.
30 Ва ӯ ҷасади варо дар мақбараи худ гузошт; ва барои вай мотам гирифта, гуфтанд: «Эй вой бародарам!»
31 Ва баъд аз он ки варо дафн кард, ба писаронаш сухан ронда, гуфт: «Вақте ки бимирам, маро дар мақбарае ки марди Худо дар он дафн шудааст, дафн кунед, устухонҳоямро назди устухонҳои вай бимонед;
32 Зеро сухане ки вай дар бораи қурбонгоҳи Байт‐Ил ва дар бораи ҳамаи баландиҳои шаҳрҳои Сомария бар тибқи каломи Худованд гуфта буд, ҳатман ба амал хоҳад омад».
33 Баъд аз ин воқеа Ёробъом аз роҳи бади худ нагашт, балки аз ҳар табақаи қавм коҳинони баландиҳоро таъин кардан гирифт: ҳар кӣ мехост, варо ӯ таъин менамуд, то ки аз ҷумлаи коҳинони баландиҳо гардад.
34 Ин боиси гуноҳкор шудани хонадони Ёробъом гардид, то ки он аз рӯи замин несту нобуд шавад.
17 Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?
10 Ва Писари Ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад.
3 Подшоҳон 13 · 1 Петрус 4:17 · 1 ба Таслӯникиён 1:10 · KM92 Мо дар ҷаҳоне пур аз фиреб ва зери маҳкумияти Худо зиндагӣ мекунем. Мутаассифона, ба ҷои он ки аз паёми доварии ояндаи Худо боздошта шавад, ба назар мерасад, ки ин ҷаҳон бо суръати бештар ба сӯи ҳалокати худ меравад. Аммо шукр Худоро, ки ҳанӯз ҳам бисёриҳо аз гуноҳҳои худ рӯй мегардонанд, то ба кори анҷомёфтаи Масеҳ дар салиб эътимод кунанд, то бахшиш ва ҳаёти ҷовидонӣ гиранд.
Дар 1 Подшоҳон 13 , марди Худо, ки доварии Худоро бар қурбонгоҳи Еровоам эълон карда буд, бояд зуд ба Яҳудо аз роҳи дигаре, ки омада буд, бармегашт. Мутаассифона, ӯ шитоб накард, ва аз ҷониби як пайғамбари пир, ки ба ӯ дурӯғ гуфт, фирефта шуд, то баргардад ва нон хӯрад ва об нӯшад. Ин пайғамбари пир аз роҳҳои ин ҷаҳон таъсир гирифта ва мувофиқи онҳо роҳ мерафт. Доварии Худо бар марди Худо афтод, зеро ӯ баргашт, ба амри равшани Худо итоат накард. Чунон ки Петрус навишт: «Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар он аз мо аввал оғоз шавад, оқибати онҳое, ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ хоҳад буд?» (1 Пет. 4:17).
Он чизе ки ба ин марди Худо рӯй дод, ба мо хотиррасон мекунад, ки роҳи мо барои Худованд муҳим аст. Ин бояд шаҳодате дар назди ин ҷаҳон бошад, ки мо дигар ба он тааллуқ надорем, на дар роҳҳои он роҳ меравем, на ба он чизе ки қафо гузоштаем, бармегардем. Оё ин ҳамон чизе набуд, ки Лут ва оилааш бояд мекарданд? Лут дар ин ҷо намунаи хеле бад аст, аммо он як нуктаро нишон медиҳад: фариштагон гуфтанд, ки ба қафо нигоҳ накунед, ва доварии зуди Худо бар касе афтод, ки ин корро кард. Роҳи мо бояд ба таври мусбат нишон диҳад, ки мо «Писари [Худоро] аз осмон интизорем, ки Ӯро аз мурдагон эҳё кард, яъне Исо , ки моро аз хашми оянда наҷот медиҳад» (1 Тасл. 1:10). Бигзор ҳар яки мо мисли пайғамбари пир таъсир нагирем, на мисли ҷавон нофармон бошем, балки Каломи Худовандро нигоҳ дорем ва дар он роҳ равем!
Аслан дар https://thelordisnear.org нашр шудааст. Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999. www.ifb.nu
Акс аз Ронни Шмутс дар Unsplash (https://unsplash.com/photos/a-very-tall-waterfall-in-the-middle-of-a-mountain-beO051yJ-iM)