Худованд наздик аст — 22 Сентябр 2026: Забур 104

Худованд наздик астСтивен Кэмпбелл

Фаҳмидани меҳрубонии Худо дар Забур 107

1 Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон. Худовандо, Худои ман! Бениҳоят бузург ҳастӣ; шукӯҳ ва шавкат пероҳани Туст. 2 Нурро мисли ридое дар бар мекунӣ, осмонро мисли саропардае паҳн менамоӣ. 3 Кӯшкҳои фалакии Худро бар обҳо месозӣ, абрҳоро аробаи Худ мегардонӣ, ки он бар болҳои бод ҳаракат мекунад. 4 Бодҳоро ба фариштагони Худ табдил медиҳӣ, хизматгорони Худро ба оташи сӯзон. 5 Заминро бар асосҳояш барпо кардаӣ, то абад фурӯ нахоҳад ғалтид. 6 Бо варта мисли либосе онро пӯшондаӣ; бар кӯҳҳо обҳо меистад. 7 Аз итоби Ту мегурезанд, аз овози раъди Ту ба зудӣ қафо мегарданд. 8 Кӯҳҳо боло мераванд, водиҳо поён мефуроянд, ба мақоме ки барояшон буньёд кардаӣ. 9 Ҳадде гузоштаӣ, то ки аз он нагузаранд ва баргашта, заминро напӯшонанд. 10 Чашмаҳоро ба наҳрҳо равона кардаӣ: дар миёни кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд, 11 Ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро об медиҳанд; гӯрхарон ташнагии худро мешикананд. 12 Бар онҳо мурғони ҳаво сокин мешаванд, аз миёни навдаҳо овоз медиҳанд. 13 Кӯҳҳоро аз кӯшкҳои фалакии Худ сероб мегардонӣ; аз самараи аъмоли Ту замин сер мешавад. 14 Алафро барои чорпо мерӯёнӣ, ва сабзаро барои хизмати одамизод, то ки аз замин нон ҳосил кунад, 15 Ва шароб, ки дили инсонро шод мегардонад, ва равған, ки рухсори ӯ аз он медурахшад, ва нон, ки дили инсонро қувват мебахшад. 16 Дарахтони Худованд шодоб мешаванд, яъне арзҳои Лубнон, ки Ӯ шинондааст, 17 Ки бар онҳо мурғон лона месозанд: сарвҳо хонаи лайлак аст; 18 Кӯҳҳои баланд барои бузҳои кӯҳист; сахраҳо паноҳгоҳ аст барои заргӯшҳо. 19 Моҳро барои мӯҳлатҳо офаридааст; офтоб ғуруби худро медонад. 20 Торикиро паҳн мекунӣ, ва шаб фаро мерасад; дар он ҳамаи ҳайвонҳои ҷангал ҳаракат мекунанд; 21 Шерони ҷавон барои нахҷир наъра мезананд ва хӯроки худро аз Худо металабанд. 22 Офтоб ки тулӯъ кард, ҷамъ мешаванд ва дар лонаҳои худ мехобанд. 23 Одамизод барои фаъолияти худ берун меояд ва то бегоҳӣ бо кори худ машғул мешавад. 24 Чӣ бисьёр аст аъмоли Ту, эй Худованд! Ҳамаро аз рӯи ҳикмат ба вуҷуд овардаӣ; замин аз офаридаҳои Ту пур аст. 25 Инак баҳри бузург ва паҳновар: дар он ҷо хазандагон сону шумор надоранд, ҷонварҳои хурд ва калон. 26 Дар он ҷо киштиҳо мегарданд; ин аждар низ, ки офаридаӣ, то ки бо он бозӣ кунӣ. 27 Ҳамаашон аз Ту чашми интизор доранд, то ки ризқи онҳоро дар вақташ бирасонӣ. 28 Он чи ба онҳо медиҳӣ, ҷамъ карда мегиранд; дасти Худро мекушоӣ, аз нозу неъмат сер мешаванд. 29 Рӯи Худро пинҳон мекунӣ, ошуфта мешаванд; рӯҳи онҳоро кашида мегирӣ, мемиранд ва ба хоки худ бармегарданд. 30 Рӯҳи Худро мефиристӣ, ба вуҷуд меоянд, ва рӯи заминро нав мегардонӣ. 31 Ҷалоли Худованд то абад аст; Худованд аз аъмоли Худ шод хоҳад буд. 32 Ба замин назар меандозад, он ба ларза меояд; ба кӯҳҳо даст мерасонад, онҳо дуд мекунанд. 33 Тамоми умри худ дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд; то даме ки вучуд дорам, Худои худро хоҳам сароид. 34 Бигзор гуфтори ман ба Ӯ хуш ояд; ман дар Худованд шод хоҳам буд. 35 Бигзор хатокорон аз рӯи замин нест шаванд, ва шарирон дигар боқӣ намонанд. Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон! Ҳалелуёҳ!

1 Худовандро ҳамд гӯед, исми Ӯро бихонед; корномаҳои Ӯро дар байни қавмҳо шӯҳрат диҳед. 2 Дар шаъни Ӯ суруд хонед, Ӯро бисароед; аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ сухан ронед. 3 Ба исми қуддуси Ӯ фахр кунед; бигзор дили толибони Худованд шод бошад. 4 Худованд ва қуввати Ӯро ҷӯё шавед; рӯи Ӯро ҳамеша толиб бошед. 5 Корҳои аҷоиберо, ки Ӯ кардааст, ба ёд оваред: мӯъҷизоти Ӯро, ва довариҳои даҳони Ӯро, 6 Эй зурьёти бандаи Ӯ Иброҳим, эй банӣ‐Яъқуб, ки баргузидагони Ӯ ҳастед. 7 Ӯ Худованд Худои мост; довариҳои Ӯ дар тамоми замин аст. 8 Аҳди Худро то абад дар хотир дорад, ва каломеро, ки ба ҳазор насл амр фармудааст, 9 Он аҳдеро, ки бо Иброҳим бастааст, ва қасамеро, ки барои Исҳоқ ёд кардааст, 10 Ва онро барои Яъқуб ба ҳукми қонун даровардааст, ва барои Исроил ба ҳукми аҳди абадӣ, 11 Яъне гуфтааст: «Замини Канъонро ба ту хоҳам дод, то ки ҳиссаи мероси шумо шавад»; 12 Дар сурате ки онҳо ҳанӯз одамони башумор буданд; хеле кам ва ғариб дар он ҷо буданд; 13 Ва аз халқе сӯи халқе овора шуда мегаштанд, аз мамлакате сӯи қавми дигаре. 14 Нагузошт, ки касе онҳоро озор диҳад; ва подшоҳонро аз барои онҳо танбеҳ кард: 15 «Ба масеҳони Ман даст нарасонед, ва ба анбиёи Ман бадӣ накунед». 16 Ва қаҳтиро бар замин бихонд; ҳамаи манбаъҳои нонро нобуд кард. 17 Пеш аз онҳо мардеро фиристод: Юсуф ба ғуломӣ фурӯхта шуд. 18 Пойҳои ӯро бо завлона азият доданд; оҳан бар ҷонаш омад, 19 То даме ки сухани ӯ ба амал омад: Сухани Худованд ӯро покиза кард. 20 Подшоҳ кас фиристод ва бандҳои ӯро кушод; ва ҳукмфармои қавмҳо ӯро озод кард. 21 Ӯро бар хонаи худ оғо таъин кард, ва ҳукмфармо бар тамоми мулки худ, 22 То ки мирони ӯро ба салоҳдиди худ бандӣ кунад, ва пирони ӯро ҳикмат омӯзад. 23 Ва Исроил ба Миср омад, ва Яъқуб дар замини Ҳом ғурбатро ихтиёр кард. 24 Ва қавми Худро бағоят борвар кард, ва онҳоро аз адуёнашон пурзӯртар гардонд. 25 Дили онҳоро чап кард, то ки бо қавми Ӯ ба кин бошанд, ва бар зидди бандагони Ӯ найрангҳо созанд. 26 Бандаи Худ Мусоро фиристод; Ҳорунро низ, ки баргузида буд. 27 Суханони таъкиди Ӯро бо аломот ба онҳо пешниҳод карданд, ва мӯъҷизотро дар замини Ҳом. 28 Зулмотро фиристод, ва торик шуд; ва ба каломи Ӯ муқобилат накарданд. 29 Обҳои онҳоро ба хун табдил дод, ва моҳиёни онҳоро миронид. 30 Замини онҳо аз ғукҳо пур шуд; хонаҳои подшоҳонашон низ. 31 Гуфт, ва ҳашароти гуногун пайдо шуд, шабушҳо низ дар тамоми ҳудуди онҳо. 32 Ба ҷои борон бар онҳо жола боронид, ва оташи сӯзон бар замини онҳо. 33 Токҳо ва анҷирҳои онҳоро зад, ва дарахтҳоро дар ҳудуди онҳо шикаст. 34 Гуфт, ва малах пайдо шуд, ва кирмак, ки сону шумор надошт. 35 Ва тамоми сабзаро дар замини онҳо хӯрданд, ва самараи саҳроҳои онҳоро хӯрданд. 36 Ва ҳар нахустзодаро дар замини онҳо зарба зад, ибтидои тамоми қуввати онҳоро. 37 Ва онҳоро бо тилло ва нуқра берун овард, ва дар сибтҳои Ӯ бемаҷоле набуд. 38 Миср аз баромада рафтани онҳо шод шуд, зеро ки тарсашон онҳоро фаро гирифта буд. 39 Абре барои сояандозӣ паҳн кард, ва оташе барои он ки шабона рӯшноӣ диҳад. 40 Талаб карданд, ва бедонаҳоро фиристод, ва аз нони осмон онҳоро сер кард. 41 Кӯҳпораро шикоф кард, ва об ҷорӣ шуд, дар ҷойҳои хушк мисли дарьё равон шуд. 42 Зеро ки каломи муқаддаси Худро ба ёд овард, ва бандаи Худ Иброҳимро. 43 Ва қавми Худро бо шодӣ берун овард, ва баргузидагони Худро бо тараннум. 44 Ва заминҳои халқҳоро ба онҳо дод, ва меҳнати қабилаҳоро мерос гирифтанд, 45 То ки фароизи Ӯро нигоҳ доранд, ва шариати Ӯро риоя кунанд. Ҳалелуёҳ!

1 Ҳалелуёҳ. Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 2 Кист, ки қудрати Худовандро тавсиф намуда тавонад, тамоми ҳамду санои Ӯро бишнавонад? 3 Хушо касоне ки инсофро нигоҳ медоранд, ва ҳар вақт адолатро ба амал меоваранд! 4 Маро ба ёд ор, эй Худованд, вақте ки ба қавми Худ таваҷҷӯҳ менамоӣ; бо наҷоти Худ ба ман назар кун, 5 То ки хушбахтии баргузидагони Туро бинам, ба шодмонии халқи Ту шод шавам, бо мероси Ту фахр кунам. 6 Бо падарони Худ хато кардаем, гуноҳкор шудаем, ба шарорат дода шудаем. 7 Падарони мо дар Миср корҳои аҷоиби Туро нафаҳмиданд, эҳсонҳои зиёди Туро ба ёд наоварданд, ва назди баҳр, назди баҳри Қулзум, ошӯб андохтанд. 8 Валекин ба хотири исми Худ онҳоро наҷот дод, то ки қудрати Худро маълум кунад. 9 Ва баҳри Қулзумро итоб намуд, ва он хушк шуд; ва онҳоро дар вартаҳо, мисли биёбон, гирифта бурд. 10 Ва онҳоро аз дасти бадхоҳ наҷот дод, ва аз дасти душман раҳо кард. 11 Ва об адуёни онҳоро пӯшонд: Як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд. 12 Ва ба суханони Ӯ имон оварданд, ҳамду санои Ӯро сароиданд. 13 Аммо ба зудӣ аъмоли Ӯро фаромӯш карданд, машварати Ӯро нигарон нашуданд. 14 Ва дар бодия ба ҳавову ҳавас дода шуданд, ва Худоро дар биёбон озмуданд. 15 Ва дархосташонро ба онҳо дод, вале лоғарие бар ҷони онҳо фиристод. 16 Ва дар бошишгоҳ ба Мусо ҳасад бурданд, ва ба Ҳоруни қуддуси Худованд. 17 Замин кафида, Дотонро фурӯ бурд, ва тӯдаи Абиромро пӯшонд. 18 Ва дар ҷамоаи онҳо оташ даргирифта, алангаи он шариронро сӯзонд. 19 Дар Ҳӯриб гӯсолае сохтанд, ва ба он бут саҷда карданд. 20 Ва ҷалоли худро иваз карданд ба сурати гове ки алаф мехӯрад. 21 Худои наҷотдиҳандаи худро фаромӯш карданд, ки корҳои бузург дар Миср карда буд, 22 Корҳои аҷоиб дар замини Ҳом, корҳои саҳмгин назди баҳри Қулзум. 23 Ва мехост онҳоро несту нобуд кунад, агар баргузидаи Ӯ Мусо пеши Ӯ дар рахнагоҳ намеистод, то ки ғазаби Ӯро аз ҳалокати онҳо баргардонад. 24 Ва аз замини дилпазир нафрат карданд: ба каломи Ӯ имон наоварданд. 25 Ва дар хаймаҳои худ шиква мекарданд; овози Худовандро намешуниданд. 26 Ва дасти Худро бар онҳо бардошт, то ки онҳоро дар биёбон афтонад, 27 Ва зурьёташонро дар миёни халқҳо афтонад, ва онҳоро дар заминҳо пароканда кунад. 28 Ба Баал‐Фаӯр часпиданд, ва қурбониҳои мурдагонро мехӯрданд. 29 Бо кирдорҳои худ ба хашм оварданд, ва бар онҳо вабо омад. 30 Ва Финҳос бархоста, доварӣ кард, ва он вабо аз байн рафт. 31 Ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, аз насл ба насл то абад. 32 Ва назди оби Мерибо ба ғазаб оварданд, ва Мусо аз боиси онҳо ҷазо дид; 33 Зеро ки рӯҳи ӯро ба ҳаяҷон оварданд, ва бо лабонаш носазо гуфт. 34 Он қавмҳоро нест накарданд, ки Худованд ба онҳо гуфта буд, 35 Балки бо халқҳо омехта, аъмоли онҳоро ёд мегирифтанд. 36 Ва бутҳои онҳоро ибодат мекарданд, ва онҳо барояшон доме буданд. 37 Ва писарони худ ва духтарони худро барои девҳо қурбонӣ мекарданд; 38 Ва хуни бегуноҳро мерехтанд, яъне хуни писарони худ ва духтарони худро, ки барои бутҳои Канъон қурбонӣ мекарданд, — ва замин аз хун наҷис шуд. 39 Ва бо аъмоли худ палид шуданд, ва бо кирдорҳои худ зинокор гардиданд. 40 Ва ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга зад, ва аз мероси Худ нафрат кард, 41 Ва онҳоро ба дасти халқҳо супурд, ва бадхоҳонашон бар онҳо ҳукмфармо шуданд. 42 Ва душманонашон онҳоро ба танг меоварданд, ва зери дасти онҳо гардан мефуроварданд. 43 Чандин бор онҳоро раҳо кард, вале онҳо бо худсарии худ ошӯб меандохтанд, ва аз гуноҳи худ ба залолат меафтоданд. 44 Валекин дар тангии онҳо назар кард, вақте ки тазаррӯи онҳоро шунид, 45 Ва аҳди Худро барои онҳо ба ёд овард, ва аз рӯи эҳсонҳои зиёди Худ таассуф хӯрд, 46 Ва онҳоро пеши ҳамаи асиркунандагонашон марҳамат намуд. 47 Моро наҷот деҳ, эй Худованд Худои мо, ва моро аз миёни халқҳо ҷамъ овар, то ки исми қуддуси Туро ҳамд гӯем, бо ҳамду санои Ту фахр намоем. 48 Муборак аст Худованд Худои Исроил аз азал то абад! Ва тамоми қавм бигӯянд: «Омин». Ҳалелуёҳ!

Забур 103 · Забур 104 · Забур 105 · KM92

Як ривояти таълимӣ дар Забурҳои 104, 105 ва 106 ҷараён дорад. Худои ҳикматро, ки ҷаҳонро офаридааст, мекунад; қудрати наҷотбахш ва файзи Ӯро бузург медонад. иқрор мешавад, ки қавми Ӯ борҳо бар зидди Ӯ, Офаридгор ва Наҷотдиҳандаи худ, исён карда буданд. Ӯ бо адолат онҳоро карда, ба асорат фиристод.

Китобҳои Муқаддаси мо 150 Забури ҷамъоваришударо ба панҷ бахш ё тақсим мекунанд ва бахши чорумро ба итмом мерасонад. Ин як анҷоми хеле ғамгин аст. Ягона умеде, ки дар он ҷо ёфт мешавад, ин аст, ки Худо боз раҳм кунад ва қавми Худро ҷамъ оварад (Заб. 106:47). баъд шодии Забур 107 меояд! «Бигзор наҷотёфтагони чунин гӯянд, ки Ӯ онҳоро наҷот додааст… ва аз заминҳо ҷамъ овардааст» (107:2–3), ҳамон тавре ки нависандаи дуо карда буд.

Забур 107 чор намунаи наҷотро медиҳад. Баъзе одамон дар бо ҷонҳои хаста саргардон буданд, онҳоро ба шаҳре бурд (оятҳои 4–9). Баъзеҳо аз сабаби исёни худ ва меҳнати сахтро таҳаммул карданд, онҳоро аз берун овард ва занҷирҳояшонро (оятҳои 10–16). Дигарон аз сабаби гуноҳҳои беақлонаи худ азоби ҷисмонӣ кашиданд, онҳоро бо каломи Худ шифо дод (оятҳои 17–22). Боз дигарон бо баҳрҳои тӯфонӣ рӯ ба рӯ шуданд ва ба ҳайрат афтода буданд, мавҷҳоро ором кард ва онҳоро ба расонд (оятҳои 23–32). Дар ҳар як ҳолат, забурнавис эълон мекунад: «Эй кош, ки одамон Худовандро барои некии Ӯ ва барои корҳои аҷиби Ӯ ба фарзандони шукр гӯянд!»

Наҷотёфтагони Забур 107 ҳам бо таърих ва ҳам бо нубувват алоқаманд буда метавонанд, бешубҳа мо бояд барои худ низ дарсе пайдо кунем. Оё мо ҳеҷ гоҳ аз офариниши Худо ба ҳайрат наомадаем ва Ӯро барои наҷот накардаем — баъд бар зидди Ӯ исён накардаем? Биёед ба Ӯ фарёд занем! Агар мо ин чизҳоро мушоҳида кунем, меҳрубонии Худовандро хоҳем фаҳмид.

Аслан дар https://thelordisnear.org нашр шудааст. Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999. www.ifb.nu

Акс аз Tarik Sami дар Unsplash (https://unsplash.com/photos/a-small-motorboat-with-two-people-on-board-sails-3F_bBnYiLiA)

Рӯзҳои охир

Ҳамаро дидан
  • 21 Сен 2026

    Нома ба ибриён китоби муболиғаҳост, ки Худованд Исои Масеҳро бо ҳама чизҳое, ки пеш аз Ӯ...

  • 20 Сен 2026

    Чӣ қадар аҷиб аст, ки дигаронро ба Худованд Исо биёрем, хоҳ дар дуо, хоҳ барои наҷот....

  • 19 Сен 2026

    Ҳавворӣ Петрус ба мо хотиррасон мекунад, ки азбаски мо бо Худои муқаддас пайвастем, мо...

  • 18 Сен 2026

    Ман мехоҳам, ки шумо ба он диққат диҳед, ки Худованд худро чӣ гуна тасвир мекунад: «як...

  • 17 Сен 2026

    Худо ба онҳо ғизое дод, ки дар Миср барояшон номаълум буд, ғаллаи кӯҳна — ё «ғаллаи...

  • 16 Сен 2026

    Чӣ қадар муборак аст, ки бо дилҳое, ки аз Масеҳ ғизо гирифтаанд, ба мубориза дохил шавем....

  • 15 Сен 2026

    Забурҳои 104 то 107 як пайдарпайии зеборо ташкил медиҳанд. Забур 104 бо даъват ба...