Нури ҳаррӯза, 2 Октябр: Зеро кист, ки туро бартарӣ додааст?

Нури ҳаррӯза

Нури ҳаррӯза

Ва нарбуз ҳамаи гуноҳҳои онҳоро бар худ бардошта, ба замини харобазор мебарад; ва он шахс нарбузро дар биёбон сар медиҳад.

Ба андозае ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ба ҳамон андоза аз мо дур кардааст.

Дар он айём ва дар он замон, — мегӯяд Худованд, — маъсияти Исроилро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, вале нахоҳад буд, ва гуноҳҳои Яҳудоро хоҳанд ҷуст, ва ёфт нахоҳад шуд; зеро онҳоеро, ки боқӣ мегузорам, хоҳам омурзид.

Ва Ту ҳамаи гуноҳҳои моро дар қаъри баҳр хоҳӣ андохт.

Кист Худое мисли Ту, ки гуноҳро омурзад.

Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем: ҳар яке ба роҳи худ мерафтем; ва Худованд гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.

Ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт. Бинобар ин Ман ба Ӯ дар миёни бузургон ҳиссае хоҳам дод, ва Ӯ ғаниматро бо зӯроварон тақсим хоҳад кард, дар ивази он ки ҷони Худро ба марг таслим намуд, ва аз ҷинояткорон шумурда шуд, ва гуноҳи мардуми бисьёреро бар худ бор кард, ва барои ҷинояткорон шафоат намуд.

Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад.

Зеро кист, ки туро бартарӣ додааст? Ва чӣ чизе дорӣ, ки нагирифта бошӣ?

Аммо ба файзи Худо он чи ҳастам.

Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард.

Гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кӯшиш мекунад, балки дар марҳамати Худост.

Пас, куҷост он чи боиси болидан бошад? Он тамоман аз байн рафтааст.

Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст ... фахркунанда бигзор ба Худованд фахр кунад.

Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед. Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед. Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.

Аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999. www.ifb.nu

Акс аз Аҳмет Юксек ✪ дар Unsplash (https://unsplash.com/photos/hazy-mountain-peaks-at-sunrise-or-sunset-jUZUTcnJoQw)

Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).