Нури ҳаррӯза, 30 Сентябр: Зеро роҳеро, ки бар он истодаам

Нури ҳаррӯза

Нури ҳаррӯза

Зеро роҳеро, ки бар он истодаам, Ӯ медонад; агар маро меозмуд, мисли тилло мебаромадам.

Зеро ки Ӯ сиришти моро медонад.

Зеро ки Ӯ банӣ‐одамро на ба дилхоҳи Худ ҷазо дода ғамгин мекунад.

Аммо буньёди матини Худо қоим аст ва чунин мӯҳре дорад: «Худованд мансубони Худро мешиносад»; ва боз: «Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд». Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок. Пас, ҳар кӣ худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истеъмоли иззатнок хоҳад буд, ки он муқаддас ва қобили истифодаи соҳибаш мебошад ва тайёр ба ҳар амали нек.

Ва ҳамчун гудозанда ва тозакунандаи нуқра нишаста, банӣ‐Левиро тоза хоҳад кард, ва онҳоро мисли тилло ва нуқра гудохта, беғаш хоҳад гардонид, то ки ҳадияро барои Худованд аз сидқи дил пешкаш намоянд.

Ва онҳо ро мисли гудозиши нуқра хоҳам гудохт ... онҳо исми Маро хоҳанд хонд, ва Ман онҳоро иҷобат намуда, хоҳам гуфт: „Ӯ қавми Ман аст!“ Ва ӯ хоҳад гуфт: „Худованд Худои ман аст!“

Роҳҳои Худро, эй Худованд, ба ман маълум намо, тариқҳои Худро ба ман таълим деҳ.

Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Инак, Ту ба ман мегӯӣ: „Ин қавмро бибар“, вале Ту маро огоҳ накардаӣ, ки ҳамроҳи ман киро мефиристӣ, агарчи гуфтаӣ: „Ман туро ба номат шинохтаам, ва ту манзури назари Ман шудаӣ“ ... агар ман манзури назари Ту шуда бошам, лутфан, роҳҳои Худро ба ман маълум намо, то ки Туро бишносам ва манзури назари Ту гардам ... Ва Ӯ гуфт: Худам хоҳам омад, то ки ба ту оромӣ бахшам».

Тариқҳои Худро ба Мусо маълум кард, корҳои Худро ба банӣ‐Исроил.

Ҳалимонро ба роҳи инсоф меандозад, ва ба ҳалимон тариқи Худро таълим медиҳад. Кист он касе ки аз Худованд метарсад? Варо ӯ ба роҳе ки интихоб намудааст, ҳидоят хоҳад кард.

Ман дароз мекашам, хоб меравам ва мехезам, зеро ки Худованд ба ман мадад мекунад. Аз беварҳои мардум, ки маро муҳосира кардаанд, наметарсам.

Тариқи ҳаётро ба ман биомӯз: камоли шодиҳо ба ҳузури Туст, ва хушиҳо ба ямини Туст то абад.

Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард: туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст.

Вале тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад.

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999. www.ifb.nu

Акс аз Аҳмет Юксек ✪ дар Unsplash (https://unsplash.com/photos/hazy-mountain-peaks-at-sunrise-or-sunset-jUZUTcnJoQw)

Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).