2 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 3 Октябр: Ва бар хазоини подшоҳ Азмавт ибни Адиил буд
Нури ҳаррӯза
Ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод.
Ваҳй Юҳанно 1:5
Обҳои бисьёр наметавонад муҳаббатро хомӯш кунад, ва наҳрҳо наметавонад онро фурӯ нишонад. ... зеро ки муҳаббат мисли марг пурзӯр аст.
Суруди Сурудҳо 8:7, 6
Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад.
Инҷили Юҳанно 15:13
Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.
1 Петрус 2:24
Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем.
Нома ба Эфсӯсиён 1:7
Аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.
1 ба Қӯринтиён 6:11
Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед.
1 Петрус 2:9
Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд.
Нома ба Румиён 12:1
Ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст.
1 ба Қӯринтиён 12:5
Ва бар хазоини подшоҳ Азмавт ибни Адиил буд; ва бар анборҳое ки дар саҳро ... Йӯнотон ибни Уззиёҳу; Ва бар коркунони саҳро, ки заминро кор мекарданд ... Ва бар токзорҳо — Шимъии ромотӣ ... Ҳамаи инҳо сардорони молу мулк буданд, ки подшоҳ Довуд баргумошта буд.
1 Вақоеънома 27:25–27, 31
Ва Худо баъзеро дар Калисо аввалан ҳавворӣ, сониян набӣ, солисан муаллим таъин кардааст; баъд қувваҳои мӯъҷизакор, ҳамчунин бахшоишҳои шифо додан, мадад рарасондан, идора кардан ва забонҳои гуногунро бахшидааст. Ҳамаи инро ҳамон як Рӯҳ ба амал меоварад, ки ба ҳар кас махсусан, мувофиқи хости Худ, тақсим мекунад.
1 ба Қӯринтиён 12:28, 11
Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед. Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод.
1 Петрус 4:10–11
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан1 Окт 2026
Нома ба Ғалотиён 5:22–23 · 1 ба Қӯринтиён 9:25–27
30 Сен 2026
Айюб 23:10 · Забур 103:14
29 Сен 2026
1 Юҳанно 3:16 · Нома ба Эфсӯсиён 3:19
28 Сен 2026
Ададҳо 6:27 · Ишаъё 26:13
27 Сен 2026
1 Петрус 5:6 · Масалҳо 16:5
26 Сен 2026
Такрори Шариат 32:4 · 1 Петрус 2:23






