30 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 31 Октябр: На бо ҷасорат ва на бо қувват
Нури ҳаррӯза
На бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
Закариё 4:6
Кист, ки рӯҳи Худовандро андоза намудааст, ва мушовири Ӯ гардидааст, ва Ӯро таълим додааст?
Ишаъё 40:13
Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад; Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, — Барои он ки ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад.
1 ба Қӯринтиён 1:27–29
Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад.
Инҷили Юҳанно 3:8
На аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
Инҷили Юҳанно 1:13
Ҳангоме ки Рӯҳи Ман андаруни шумо буд. Ҳаросон набошед!
Ҳаҷҷай 2:5
Зеро ки ин ҷанг аз они шумо нест, балки аз они Худост.
2 Вақоеънома 20:15
Ки Худованд на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Худованд аст.
1 Подшоҳон 17:47
Ва он чи гуфтаӣ, ба ҷо овар.
2 Подшоҳон 7:25
Сухани Худро бо бандаи Худ, ки ба тарси Ту дода шудааст, иҷро намо. То ки ба ҷавоби бадгӯи худ чизе гуфта тавонам, зеро ки ба каломи Ту таваккал кардаам. Каломи Худро бо бандаи Худ ба ёд ор, ки ба василаи он маро умед бахшидаӣ. Фароизи Ту сурудҳои ман буд дар ғарибистони ман. Барои ман шариати даҳони Ту беҳ аст аз ҳазорҳо тилло ва нуқра. Каломи Ту, эй Худованд, то абад аст; дар осмонҳо қоим аст. Садоқати Ту то абадуддаҳр аст.
Забур 118:38, 42, 49, 54, 72, 89–90
Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд, То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад. Он умед барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва андаруни парда дохил мешавад, Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо — Исо дохил шуда.
ба Ибриён 6:17–20
Ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода шудааст.
2 Петрус 1:4
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан29 Окт 2026
Суруди Сурудҳо 5:16 · Забур 104:34
28 Окт 2026
Ишаъё 59:16 · Забур 40:6–8
27 Окт 2026
Инҷили Матто 8:17 · Ибодат 14:4–7
26 Окт 2026
Забур 99:1 · Ирмиё 5:22
25 Окт 2026
Инҷили Матто 28:20 · Инҷили Юҳанно 14:21–23
24 Окт 2026
Юнус 2:4 · Ишаъё 49:14–15






