27 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 28 Октябр: Ва дид, ки одаме нест (Ишаъё 59:16)
Нури ҳаррӯза
Ва дид, ки одаме нест, ва тааҷҷуб намуд, ки пуштибоне нест; ва бозуи Ӯ ба Ӯ мададгор шуд.
Ишаъё 59:16
Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ; гӯшҳои маро воз кардӣ; қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо талаб накардӣ. Он гоҳ гуфтам: инак меоям; дар тӯмори китоб дар бораи ман навишта шудааст: Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст.
Забур 39:7–9
Ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то ки онро боз ёбам; Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам.
Инҷили Юҳанно 10:17–18
Ва ғайр аз Ман Худои дигаре нест, — Худои одил ва наҷотдиҳандае ҷуз аз Ман нест. Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт, эй тамоми ақсои замин! Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.
Ишаъё 45:21–22
Ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем.
Аъмоли Ҳаввориён 4:12
Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед.
2 ба Қӯринтиён 8:9
Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед.
Инҷили Луқо 10:19
Ҳушьёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад.
1 Петрус 5:8
Ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт.
Яъқуб 4:7
Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед. Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст. Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед. Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед, Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед, Дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед.
Нома ба Эфсӯсиён 6:11–16
Ба аҳволи ман шодӣ накун, эй душмани ман! Зеро, агарчи фурӯ ғалтидаам, хоҳам бархост; зеро, агарчи дар торикӣ нишастаам, Худованд нур аст барои ман.
Мико 7:8
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан26 Окт 2026
Забур 99:1 · Ирмиё 5:22
25 Окт 2026
Инҷили Матто 28:20 · Инҷили Юҳанно 14:21–23
24 Окт 2026
Юнус 2:4 · Ишаъё 49:14–15
23 Окт 2026
Инҷили Луқо 12:15 · Забур 37:16
22 Окт 2026
Забур 108:1 · Забур 27:1
21 Окт 2026
Инҷили Юҳанно 1:16 · Инҷили Матто 17:5






