24 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 25 Октябр: Ва инак (Инҷили Матто 28:20)
Нури ҳаррӯза
Ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам.
Инҷили Матто 28:20
Ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд. Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам.
Инҷили Матто 18:19–20
Ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва риоят кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад; ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, Падари Ман вайро дӯст ҳоҳад дошт, ва Ман вайро дӯст ҳоҳам дошт ва Худро ба вай зоҳир хоҳам сохт.
Инҷили Юҳанно 14:21
Ба ӯ гуфт: «Худовандо! Ин чист, ки Ту мехоҳӣ Худро ба мо зоҳир созӣ ва на ба ҷаҳон?» ... Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт, ва Мо назди вай омада, бо вай маскан хоҳем гирифт.
Инҷили Юҳанно 14:22–23
Ва Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад, Яъне Худои ҳакими якто ва Наҷотдиҳандаи моро, ба воситаи Исои Масеҳи Худованди мо, ҷалол ва шавкат, қудрат ва салтанат бод аз азал ва дар замони ҳозира ва то абад. Омин.
Яҳудо 1:24–25
Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст.
1 Петрус 4:7
Ва тахти бузурги сафед ва Нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ӯ осмон ва замин мегурехтанд.
Ваҳй Юҳанно 20:11
Аммо осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд.
2 Петрус 3:7
Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост, мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад; Бинобар ин нахоҳем тарсид, агарчи замин мубаддал шавад, кӯҳҳо дар қаъри баҳрҳо ба ҷунбиш оянд, Обҳои он хурӯшида, туғьён кунанд, ва кӯҳҳо аз ғалаёни он мутазалзил шаванд.
Забур 45:2–4
Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед.
Инҷили Матто 24:6
Мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо дасти одам сохта нашудаи абадӣ, ки дар осмон аст.
2 ба Қӯринтиён 5:1
Мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд. Пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ покиза ва беайб дар осоиштагӣ хозир шавед.
2 Петрус 3:13–14
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан23 Окт 2026
Инҷили Луқо 12:15 · Забур 37:16
22 Окт 2026
Забур 108:1 · Забур 27:1
21 Окт 2026
Инҷили Юҳанно 1:16 · Инҷили Матто 17:5
20 Окт 2026
Нома ба Румиён 7:22 · Забур 119:97
19 Окт 2026
Масалҳо 3:26 · Забур 76:10
18 Окт 2026
Инҷили Юҳанно 19:34 · Хуруҷ 24:8





