23 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 24 Октябр: Аз назари Ту ронда шудаам
Нури ҳаррӯза
Аз назари Ту ронда шудаам; вале қасри қудси Туро боз хоҳам дид.
Юнус 2:5
Вале Сион мегӯяд: «Худованд маро тарк намудааст, ва Худо маро фаромӯш кардааст». «Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард.
Ишаъё 49:14–15
Некрӯзиро фаромӯш кардаам. Ва гуфтам, ки қувватам ва умеде ки аз Худованд доштам, барбод рафтааст.
Навҳаҳои Ирмиё 3:17–18
Бархез! Чаро хобидаӣ, эй Худованд? Бедор шав, ба сурати абадӣ моро напартой!
Забур 43:24
Пас чаро, эй Яъқуб, ба забон меронӣ, ва эй Исроил, мегӯӣ: «Роҳи ман аз назари Худованд гум шудааст, ва даъвои ман аз Худои ман дур афтодааст»?
Ишаъё 40:27
Дар оташи ғазаб рӯи Худро як лаҳза аз ту пинҳон доштаам, ва бо эҳсони абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард, — мегӯяд Худованди Раҳокунандаи ту.
Ишаъё 54:8
Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳӣ шуд, ки Ӯ наҷоти рӯи ман ва Худои ман аст.
Забур 42:5
Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале маъюс намешавем; Гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем.
2 ба Қӯринтиён 4:8–9
Бенавоён ва мискинон об металабанд, вале нест: Забонашон аз ташнагӣ хушк мешавад. Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро иҷобат хоҳам намуд. Ман.
Ишаъё 41:17
Бисьёр касон мегӯянд: Кӣ ба мо некӯиро нишон медиҳад?
Забур 4:7
Зеро одамизод аз тамоми меҳнати худ ва орзуи дили худ, ки дар таҳти офтоб кардааст, чӣ ҳаловате мебарад? Чунки дар тамоми айёми ӯ азоб ва ғусса шуғли ӯст; шабона ҳам дили ӯ ором надорад. ... чунки ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
Воиз 2:22–23, 17
Маро, ки чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда, барои худ сардобаҳо канданд, сардобаҳои кафидае ки наметавонад обро нигоҳ дорад.
Ирмиё 2:13
Ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.
Инҷили Юҳанно 6:37
Зеро ки об бар ташна, ва чашмаҳо бар хушкӣ хоҳам рехт.
Ишаъё 44:3
Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд.
Инҷили Матто 5:6
Худоё! Ту Худои ман ҳастӣ, Туро ҳамеша меҷӯям; ҷонам ташнаи Туст, ва ҷисмам пазмони Ту, дар замини хароба ва бемаҷоле ки об надорад.
Забур 62:2
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан22 Окт 2026
Забур 108:1 · Забур 27:1
21 Окт 2026
Инҷили Юҳанно 1:16 · Инҷили Матто 17:5
20 Окт 2026
Нома ба Румиён 7:22 · Забур 119:97
19 Окт 2026
Масалҳо 3:26 · Забур 76:10
18 Окт 2026
Инҷили Юҳанно 19:34 · Хуруҷ 24:8
17 Окт 2026
Забур 89:16 · Ишаъё 45:24–25


