29 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 30 Октябр: Хуб мешавад (Навҳаҳои Ирмиё 3:26)
Нури ҳаррӯза
Хуб мешавад, ки ба наҷоти Худованд сокитона умедвор бошанд.
Навҳаҳои Ирмиё 3:26
Магар Худо омурзишро фаромӯш кардааст? Магар марҳаматҳои Худро дар вақти хашм бас кардааст?
Забур 76:10
Валекин ман дар маъюсии худ гуфтам, ки аз назари Ту рад шудаам; аммо, вақте ки сӯи Ту истиғоса бурдам, овози зориҳоямро шунидӣ.
Забур 30:23
Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд? Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард.
Инҷили Луқо 18:7–8
Ба Худованд таваккал намо, ва Ӯ туро наҷот медиҳад.
Масалҳо 20:22
Пеши Худованд сокит бош ва ба Ӯ умед банд. Ба касе ки роҳаш барор ёфтааст, ба шахси дасисакор рашк накун.
Забур 36:7
Дар ин ҷанг шумо нахоҳед ҷангид; шумо, эй Яҳудо ва Ерусалим, бархоста биистед, ва наҷоти Худовандро.
2 Вақоеънома 20:17
Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.
Нома ба Ғалотиён 6:9
Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.
Яъқуб 5:7
Шағолҳоро — шағолҳои хурдеро, ки ба токзорҳо зарар меоваранд, — барои мо дастгир кунед, чунки токзорҳои мо ғӯра бастааст.
Суруди Сурудҳо 2:15
Кист, ки саҳвҳоро фаҳмида тавонад? Маро аз хатоҳои пӯшидаам пок намо.
Забур 18:13
Ва бохабар бошед, ки мабодо касе аз файзи Худо маҳрум шавад; мабодо решаи талхе ба вуҷуд омада, осеб расонад, ва бисьёр касон аз он палид шаванд.
ба Ибриён 12:15
Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт?
Нома ба Ғалотиён 5:7
Ки дар шумо ба кори хайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд, Фақат ин ки муносиби башорати Масеҳ умр гузаронед, то ки ман.
Нома ба Филиппиён 1:6, 27
Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи ҳурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад. Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам оташ мегирад. Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он — шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.
Яъқуб 3:5–6, 8
Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад.
Нома ба Қӯлассиён 4:6
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан28 Окт 2026
Ишаъё 59:16 · Забур 40:6–8
27 Окт 2026
Инҷили Матто 8:17 · Ибодат 14:4–7
26 Окт 2026
Забур 99:1 · Ирмиё 5:22
25 Окт 2026
Инҷили Матто 28:20 · Инҷили Юҳанно 14:21–23
24 Окт 2026
Юнус 2:4 · Ишаъё 49:14–15
23 Окт 2026
Инҷили Луқо 12:15 · Забур 37:16





