25 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 26 Октябр: Оё аз Ман наметарсед? (Ирмиё 5:22)
Нури ҳаррӯза
Худованд подшоҳӣ мекунад.
Забур 98:1
Оё аз Ман наметарсед? — мегӯяд Худованд. — Оё аз ҳузури Ман ба ларза намеоед? Ман, охир, регро ҳудуди баҳр, қонуни ҷовидоние барояш қарор додаам, ки аз он намегузарад; ва мавҷҳояш талотум менамояд, вале ғолиб намешавад, ва ҳарчанд ба ғалаён меояд, наметавонад аз он бигзарад.
Ирмиё 5:22
Зеро ки на аз машриқ наҷот меояд, ва на аз мағриб, ва на аз биёбони кӯҳсор, Балки Худо довар аст: якеро сарнагун мекунад, дигареро сарафроз мегардонад.
Забур 74:7–8
Ва Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағьир медиҳад, подшоҳонро сарнагун мекунад ва подшоҳонро барқарор менамояд, ба ҳакимон ҳикмат ва ба оқилон дониш мебахшад.
Дониёл 2:21
Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед.
Инҷили Матто 24:6
Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?
Нома ба Румиён 8:31
Оё ду гунҷишк ба як фулус фурӯхта намешавад? Ва ҳол он ки ягонтои онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад; Лекин ҳамаи мӯйҳои сари шумо низ шумурда шудааст; Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред.
Инҷили Матто 10:29–31
Пас, рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед.
Малокӣ 2:15
Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, ва ӯро манъ кардем, чунки ӯ ҳамроҳи мо намегардад». Исо ба вай гуфт: «Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, вай тарафдори шумост». ... Оё мехоҳӣ бигӯем, ки оташе аз осмон омада, онхоро маҳв намояд, чунон ки Ильёс низ карда буд?» Аммо Ӯ рӯ гардонда, онҳоро манъ кард ва гуфт: «Намедонед, ки шумо ба кадом рӯҳ мансуб ҳастед.
Инҷили Луқо 9:49–50, 54–55
Элдод ва Медод дар ӯрдугоҳ нубувват мекунанд». Ва Еҳушаъ ибни Нун ... ҷавоб гардонида, гуфт: «Оғоям Мусо! Онҳоро ҳабс намо». Вале Мусо ба вай гуфт: «Оё ту барои ман рашк мебарӣ? Кошки тамоми қавми Худованд анбиё мебуданд, ва Худованд Рӯҳи худро бар онҳо равона мекард!
Ададҳо 11:27–29
Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ.
Нома ба Ғалотиён 5:22–23
Лекин онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд. Агар мо бар тибқи Рӯҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд бар тибқи Рӯҳ рафтор ҳам кунем: Ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабонӣ накунем, аз якдигар ҳасад набарем.
Нома ба Ғалотиён 5:24–26
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан24 Окт 2026
Юнус 2:4 · Ишаъё 49:14–15
23 Окт 2026
Инҷили Луқо 12:15 · Забур 37:16
22 Окт 2026
Забур 108:1 · Забур 27:1
21 Окт 2026
Инҷили Юҳанно 1:16 · Инҷили Матто 17:5
20 Окт 2026
Нома ба Румиён 7:22 · Забур 119:97
19 Окт 2026
Масалҳо 3:26 · Забур 76:10






