28 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 29 Октябр: Ва ӯ сар то по фаттон аст
Нури ҳаррӯза
Ва ӯ сар то по фаттон аст.
Суруди Сурудҳо 5:16
Бигзор гуфтори ман ба Ӯ хуш ояд.
Забур 103:34
Маҳбуби ман сафедпӯст ва сурхрухсор аст, бар беваре баланд бардошта шудааст.
Суруди Сурудҳо 5:10
Ки баргузида ва гаронбаҳост; ва касе ки ба Он имон оварад, хиҷил наҳоҳад шуд.
1 Петрус 2:6
Ту аз банӣ‐одам зеботарин ҳастӣ; латофат бар лабонат хувайдост.
Забур 44:3
Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст.
Нома ба Филиппиён 2:9
Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ сокин бошад.
Нома ба Қӯлассиён 1:19
Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед.
1 Петрус 1:8
Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам Ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст.
Нома ба Филиппиён 3:8–9
Вале Довуд ба Худованд Худои худ таваккал намуда, қувват меёфт.
1 Подшоҳон 30:6
Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст.
Инҷили Юҳанно 6:68
Зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад.
2 ба Тимотиюс 1:12
Дар тангии худ Худовандро хондам, ва ба Худои худ истиғоса бурдам. Овозамро аз қасри Худ шунид, ва истиғосае ки пеши Ӯ бурдам, ба гӯшаш расид. Дар рӯзи мусибатам бар ман пешдастӣ карданд, валекин Худованд муттакои ман буд. Ва маро ба вусъатобод баровард, маро раҳо кард, зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯ бар ман аст.
Забур 17:7, 19–20
Худовандро дар ҳар вақт муборак хоҳам хонд; доимо ҳамду санои Ӯ бар забони ман аст. Ҷонам бо Худованд фахр мекунад; ҳалимон шунида, шод хоҳанд шуд. Худовандро бо ман такбир гӯед; ва исми Ӯро якҷоя болобардор кунем. Худовандро талабидам, ва маро иҷобат намуд, ва аз ҳамаи бимҳоям маро халосӣ дод. Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст! Хушо марде ки ба Ӯ паноҳ мебарад!
Забур 33:2–5, 9
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан27 Окт 2026
Инҷили Матто 8:17 · Ибодат 14:4–7
26 Окт 2026
Забур 99:1 · Ирмиё 5:22
25 Окт 2026
Инҷили Матто 28:20 · Инҷили Юҳанно 14:21–23
24 Окт 2026
Юнус 2:4 · Ишаъё 49:14–15
23 Окт 2026
Инҷили Луқо 12:15 · Забур 37:16
22 Окт 2026
Забур 108:1 · Забур 27:1






