1 Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид.
2 Ва замин дар ҳолати ҳарҷумарҷ буд, ва торикӣ бар рӯи варта; ва Рӯҳи Худо бар рӯи об дар парвоз буд.
3 Ва Худо гуфт: «Рӯшноӣ бишавад». Ва рӯшноӣ шуд.
4 Ва Худо рӯшноиро дид, ки хуб аст; ва Худо рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кард.
5 Ва Худо рӯшноиро рӯз номид, ва торикиро шаб номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи аввал.
6 Ва Худо гуфт: «Фалаке бошад дар миёни об, ва обро аз об ҷудо кунад».
7 Ва Худо фалакро ба вуҷуд овард; ва оби зери фалакро аз оби болои фалак ҷудо кард. Ва чунин шуд.
8 Ва Худо фалакро осмон номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи дуюм.
9 Ва Худо гуфт: «Оби зери осмон дар як ҷо ҷамъ шавад, ва хушкӣ намудор шавад». Ва чунин шуд.
10 Ва Худо хушкиро замин номид, ва маҷмӯи обҳоро баҳрҳо номид. Ва Худо дид, ки хуб аст.
11 Ва Худо гуфт: «Замин наботот бирӯёнад, алафе ки тухм меоварад, дарахти мевадоре ки мувофиқи ҷинси худ мева медиҳад, ки тухмаш дар он бар рӯи замин бошад». Ва чунин шуд.
12 Ва замин наботот рӯёнид, алафе ки мувофиқи ҷинси худ тухм меоварад, ва дарахти мевадоре ки тухмаш дар он мувофиқи ҷинси худ бошад. Ва Худо дид, ки хуб аст.
13 Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи сеюм.
14 Ва Худо гуфт: «Найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки рӯзро аз шаб ҷудо кунанд, ва барои аломатҳо, ва замонҳо, ва рӯзҳо, ва солҳо бошанд;
15 Ва найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд». Ва чунин шуд.
16 Ва Худо ду найири бузург ба вуҷуд овард: найири аъзам, барои салтанати рӯз, ва найири асғар, барои салтанати шаб, ва ситорагон;
17 Ва Худо онҳоро дар фалаки осмон гузошт, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд,
18 Ва бар рӯзу шаб салтанат ронанд, ва рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кунанд. Ва Худо дид, ки хуб аст.
19 Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи чорум.
20 Ва Худо гуфт: «Об аз ҷонварҳои бешумор пур шавад; ва паррандагон болои замин, бар рӯи фалаки осмон парвоз кунанд».
21 Ва Худо наҳангони бузург ва ҳар гуна ҷонварҳои хазандаро, ки об аз онҳо мувофиқи ҷинсашон пур шуд, ва ҳар гуна паррандагони болдорро мувофиқи ҷинсашон офарид. Ва Худо дид, ки хуб аст.
22 Ва Худо онҳоро баракат дода, гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва обҳои баҳрҳоро пур кунед, ва паррандагон бар замин афзун шаванд».
23 Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи панҷум.
24 Ва Худо гуфт: «Замин ҷони зиндаро мувофиқи ҷинсаш, чорпоён, ва ҳайвоноти хазанда, ва ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон берун оварад». Ва чунин шуд.
25 Ва Худо ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон, ва чорпоёнро мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноти хазандаи заминро мувофиқи ҷинсаш ба вуҷуд овард. Ва Худо дид, ки хуб аст.
26 Ва Худо гуфт: «Одамро ба сурати Мо, ба шабоҳати Мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, ҳукм ронанд».
27 Ва Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид.
28 Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед».
29 Ва Худо гуфт: «Инак, Ман ҳар алафи тухмдорро, ки бар рӯи тамоми замин ҳаст, ва ҳар дарахтеро, ки дорои меваи дарахти тухмдор мебошад, ба шумо додам, то ки барои шумо хӯрок бошад.
30 Ва ба ҳамаи ҳайвонҳои замин, ва ба ҳамаи паррандагони осмон, ва ба ҳар хазандаи рӯи замин, ки ҷони зинда дорад, Ман тамоми алафи сабзро барои хӯрок додам». Ва чунин шуд.
31 Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.
1 Ва осмону замин ва тамоми анбӯҳи онҳо анҷом ёфт.
2 Ва Худо корҳои Худро, ки карда буд, то рӯзи ҳафтум анҷом дод, ва дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ, ки карда буд, ором гирифт.
3 Ва Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд, зеро ки дар он ором гирифт аз ҳамаи корҳои Худ, ки Худо офарид ва ба вуҷуд овард.
4 Ин аст пайдоиши осмон ва замин, дар ҳини офариниши онҳо, дар рӯзе ки Худованд Худо замин ва осмонро ба вуҷуд овард,
5 Ва ҳеҷ буттаи саҳро ҳанӯз дар замин набуд, ва ҳеҷ алафи саҳро ҳанӯз нарӯида буд, зеро ки Худованд Худо борон бар замин наборонида буд, ва одам набуд, ки заминро кор кунад;
6 Ва буғ аз замин баромада, тамоми рӯи заминро сероб мекард.
7 Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба бинии вай рӯҳи ҳаёт дамид, ва одам ҷони зинда шуд.
8 Ва Худованд Худо боғе дар Адан ба тарафи машриқ шинонд; ва он одамро, ки сиришта буд, дар он ҷо гузошт.
9 Ва Худованд Худо ҳар гуна дарахти хушнамуд ва хушхӯрро, ва дарахти ҳаётро дар васати боғ, ва дарахти маърифати неку бадро аз замин рӯёнид.
10 Ва наҳре аз Адан берун меомад, то ки боғро сероб кунад; ва аз он ҷо ба чор шохоб тақсим мешуд.
11 Номи яке Фишӯн аст, ки тамоми замини Ҳавилоро, ки дар он ҷо тиллост, иҳота мекунад;
12 Ва тиллои он замин хуб аст; дар он ҷо самғи хушбӯй ва санги ҷазъ мавҷуд аст.
13 Ва номи наҳри дуюм Ҷайҳун аст, ки тамоми замини Кушро иҳота мекунад.
14 Ва номи наҳри сеюм Ҳиддақил аст, ки ба тарафи шарқии Ашшур ҷорист. Ва наҳри чорум Фурот аст.
15 Ва Худованд Худо одамро гирифт, ва ӯро дар боғи Адан гузошт, то ки кори онро бикунад ва онро нигаҳдорӣ намояд.
16 Ва Худованд Худо ба одам амр фармуда, гуфт: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир;
17 Аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд».
18 Ва Худованд Худо гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам».
19 Ва Худованд Худо ҳар ҳайвони саҳро ва ҳар паррандаи осмонро аз хок бисиришт ва назди одам овард, то бубинад, ки онро чӣ гуна хоҳад хонд, ва он чи одам ҳар ҷони зиндаро бихонад, номи вай ҳамон шавад.
20 Ва одам ҳамаи чорпоён ва паррандагони осмонро, ва ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро ном ниҳод; лекин барои одам мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, ёфт нашуд.
21 Ва Худованд Худо хоби сахте бар одам овард; ва ҳангоме ки хобаш бурд, яке аз қабурғаҳои ӯро гирифт, ва гӯшт дар ҷояш пур кард.
22 Ва Худованд Худо аз қабурғае ки аз одам гирифт, зане сохт, ва ӯро назди одам овард.
23 Ва одам гуфт:
«Ин аст устухоне аз устухонҳоям
ва гӯште аз гӯштам;
вай нисоъ номида шавад;
зеро ки аз инсон гирифта шудааст».
24 Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд.
25 Ва ҳар ду, Одам ва занаш, бараҳна буданд, ва хиҷил намешуданд.
1 Ва мор аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро, ки Худованд Худо ба вуҷуд оварда буд, айёртар буд. Ва ба зан гуфт: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?»
2 Зан ба мор гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем,
3 Лекин аз меваи дарахте ки дар васати боғ аст, Худо гуфт, ки нахӯред ва онро ламс накунед, мабодо бимиред».
4 Мор ба зан гуфт: «Не, нахоҳед мурд;
5 Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».
6 Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд.
7 Ва чашмони ҳар дуи онҳо воз шуд, ва донистанд, ки бараҳнаанд, ва баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лӯнгиҳо барои худ сохтанд.
8 Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.
9 Ва Худованд Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «Куҷоӣ ту?»
10 Гуфт: «Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шудам, зеро ки ман бараҳнаам, ва пинҳон шудам».
11 Ва гуфт: «Кӣ ба ту гуфт, ки ту бараҳнаӣ? Оё аз он дарахте ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ?»
12 Одам гуфт: «Ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам».
13 Ва Худованд Худо ба зан гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зан гуфт: «Мор маро фирефта кард, ва ман хӯрдам».
14 Ва Худованд Худо ба мор гуфт:
«Азбаски ин корро кардӣ,
аз ҳамаи чорпоён ва аз ҳамаи ҳайвонҳои
саҳро ту малъун бошӣ;
ту бар шикамат роҳ хоҳӣ рафт,
ва тамоми айёми умрат хок хоҳӣ хӯрд.
15 Ва дар миёни ту ва зан,
ва дар миёни насли ту
ва насли вай адоват меандозам:
вай сари туро хоҳад кӯфт,
ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».
16 Ба зан гуфт:
«Ранҷи туро дар ҳомиладории ту бисьёр афзун мегардонам;
бо дард фарзандон хоҳӣ зоид;
ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд,
ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард».
17 Ва ба Одам гуфт: «Азбаски ба овози занат гӯш додӣ ва аз он дарахт хӯрдӣ, ки амр фармуда, гуфтам:
„Аз он нахӯрӣ“,
замин аз боиси ту малъун шуд;
тамоми айёми умрат аз он бо ранҷ хоҳӣ хӯрд;
18 Хору хас бароят хоҳад рӯёнид;
ва алафи саҳроро хоҳӣ хӯрд.
19 Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд,
то даме ки ба хок баргардӣ,
ки аз он гирифта шудаӣ;
зеро ки ту хок ҳастӣ,
ва ба хок хоҳӣ баргашт».
20 Ва Одам зани худро Ҳавво ном ниҳод, зеро ки вай модари ҳамаи зиндаҳо шуд.
21 Ва Худованд Худо барои Одам ва зани ӯ либос аз пӯст сохт ва онҳоро пӯшонид.
22 Ва Худованд Худо гуфт: «Инак, Одам мисли яке аз Мо орифи неку бад гардидааст; ва акнун мабодо дасти худро дароз кунад, ва аз дарахти ҳаёт низ гирифта хӯрад, ва то абад зинда монад».
23 Ва Худованд Худо ӯро аз боғи Адан берун кард, то ки заминро, ки аз он гирифта шудааст, кор кунад.
24 Ва Одамро бадар ронд, ва ба тарафи шарқии боғи Адан каррубиёнро, ва шамшери оташбори чархзанандаро гузошт, то ки роҳи дарахти ҳаётро нигаҳбонӣ кунанд.
1 Ва Одам бо зани худ Ҳавво хобид; ва ӯ ҳомила шуда, Қобилро зоид, ва гуфт: «Мардеро аз Худованд пайдо кардам».
2 Ва боз бародари ӯ Ҳобилро зоид. Ва Ҳобил рамабон буд; ва Қобил зироаткор буд.
3 Баъд аз мурури айём, Қобил аз маҳсули замин ҳадияе барои Худованд овард.
4 Ва Ҳобил низ аз нахустзодагони рамаи худ ва аз дунбаи онҳо ҳадияе овард. Ва Худованд Ҳобил ва ҳадияи ӯро манзур дошт;
5 Аммо Қобил ва ҳадияи ӯро манзур надошт. Ва Қобил хеле ба хашм омад, ва рӯяш турш шуд.
6 Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Чаро ба хашм омадӣ? Ва чаро рӯят турш шуд?
7 Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав».
8 Ва Қобил бо бародари худ Ҳобил сухан гуфт. Ва ҳангоме ки онҳо дар саҳро буданд, Қобил бар бародари худ Ҳобил қиём кард, ва ӯро кушт.
9 Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Бародарат Ҳобил куҷост?» Гуфт: «Намедонам; магар ман посбони бародарам ҳастам?»
10 Ва гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Хуни бародарат аз замин сӯи Ман фарьёд мезанад.
11 Ва акнун ту малъун ҳастӣ аз замине ки даҳони худро кушодааст, то ки хуни бародари туро аз дастат фурӯ барад.
12 Ҳар гоҳ заминро кор кунӣ, он дигар қуввати худро ба ту надиҳад; ту сарсону овора дар ҷаҳон хоҳӣ буд».
13 Ва Қобил ба Худованд гуфт: «Ҷазои гуноҳам бузургтар аст аз он ки бардошта тавонам.
14 Инак, маро имрӯз аз рӯи замин бадар рондӣ, аз рӯи Ту низ пинҳон хоҳам шуд, ва сарсону овора дар ҷаҳон хоҳам шуд, ва ҳар кӣ маро дарьёбад, маро хоҳад кушт».
15 Худованд ба вай гуфт: «Пас ҳар кӣ Қобилро бикушад, ҳафтчандон аз вай интиқом гирифта шавад». Ва Худованд бар Қобил аломате гузошт, то ҳар кӣ ӯро дарьёбад, ӯро накушад.
16 Ва Қобил аз пеши Худованд баромада рафт; ва дар замини Нӯд, ба тарафи шарқии Адан маскан гирифт.
17 Ва Қобил бо зани худ хобид; вай ҳомила шуда, Ҳанӯхро зоид. Ва ӯ шаҳре бино кард; ва он шаҳрро ба номи писари худ Ҳанӯх номид.
18 Ва ба Ҳанӯх Ирод таваллуд шуд; Ирод Маҳиёилро ба дуньё овард; Маҳиёил Матушоилро ба дуньё овард; Матушоил Ломакро ба дуньё овард.
19 Ва Ломак ду зан барои худ гирифт: номи яке Одо буд, ва номи дигаре Зилло.
20 Одо Ёболро зоид: вай падари хайманишинон ва чорводорон буд.
21 Ва номи бародараш Юбол буд: вай падари ҳамаи навозандагони ғиҷҷак ва най буд.
22 Зилло низ Тубалқобилро зоид, ки пардозгари ҳар олати мис ва оҳан буд. Ва хоҳари Тубалқобил Наамо буд.
23 Ва Ломак ба занони худ гуфт:
«Эй Одо ва Зилло!
Овози маро бишнавед,
эй занони Ломак!
Ба сухани ман гӯш диҳед:
ман барои захми худ мардеро куштам,
ва барои зарби худ ҷавонеро.
24 Агар барои Қобил ҳафтчандон интиқом гирифта шавад,
пас барои Ломак ҳафтоду ҳафтчандон».
25 Ва Одам боз бо зани худ хобид; вай писаре зоид, ва ӯро Шет ном ниҳод; зеро, гуфт, Худо насли дигаре ба ман қарор дод, дар ивази Ҳобил, ки Қобил ӯро кушт.
26 Ба Шет низ писаре таваллуд шуд, ва ӯро Анӯш номид; дар он вақт ба хондани исми Худованд шурӯъ карданд.
1 Ин аст китоби насаби Одам: дар рӯзе ки Худо одамро офарид, ба шабоҳати Худо ӯро сохт;
2 Нару мода онҳоро офарид, ва онҳоро баракат дод, ва онҳоро, дар рӯзи офариниши онҳо, одам ном ниҳод.
3 Ва Одам саду сӣ сол бизист, ва писаре ба шабоҳати худ, ба сурати худ ба дуньё овард, ва ӯро Шет номид.
4 Ва айёми Одам, баъд аз таваллуди Шет, ҳаштсад сол буд, ва ӯ писарону духтарон ба дуньё овард.
5 Пас тамоми айёми умри Одам нӯҳсаду сӣ сол буд; ва ӯ мурд.
6 Ва Шет саду панҷ сол бизист, ва Анӯшро ба дуньё овард.
7 Ва Шет, баъд аз таваллуди Анӯш, ҳаштсаду ҳафт сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
8 Пас тамоми айёми Шет нӯҳсаду дувоздаҳ сол буд; ва ӯ мурд.
9 Ва Анӯш навад сол бизист, ва Қенонро ба дуньё овард.
10 Ва Анӯш, баъд аз таваллуди Қенон, ҳаштсаду понздаҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
11 Пас тамоми айёми Анӯш нӯҳсаду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.
12 Ва Қенон ҳафтод сол бизист, ва Маҳалалъилро ба дуньё овард.
13 Ва Қенон, баъд аз таваллуди Маҳалалъил, ҳаштсаду чил сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
14 Пас тамоми айёми Қенон нӯҳсаду даҳ сол буд; ва ӯ мурд.
15 Ва Маҳалалъил шасту панҷ сол бизист, ва Ёрадро ба дуньё овард.
16 Ва Маҳалалъил баъд аз таваллуди Ёрад, ҳаштсаду сӣ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
17 Пас тамоми айёми Маҳалалъил ҳаштсаду наваду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.
18 Ва Ёрад саду шасту ду сол бизист, ва Ҳанӯхро ба дуньё овард.
19 Ва Ёрад, баъд аз таваллуди Ҳанӯх, ҳаштсад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
20 Пас тамоми айёми Ёрад нӯҳсаду шасту ду сол буд; ва ӯ мурд.
21 Ва Ҳанӯх шасту панҷ сол бизист, ва Матушолаҳро ба дуньё овард.
22 Ва Ҳанӯх, баъд аз таваллуди Матушолаҳ, сесад сол пеши Худо роҳ рафт, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
23 Пас тамоми айёми Ҳанӯх сесаду шасту панҷ сол буд.
24 Ва Ҳанӯх пеши Худо роҳ рафт, ва нопайдо шуд, зеро ки Худо ӯро гирифт.
25 Ва Матушолаҳ саду ҳаштоду ҳафт сол бизист, ва Ломакро ба дуньё овард.
26 Ва Матушолаҳ, баъд аз таваллуди Ломак, ҳафтсаду ҳаштоду ду сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
27 Пас тамоми айёми Матушолаҳ нӯҳсаду шасту нӯҳ сол буд; ва ӯ мурд.
28 Ва Ломак саду ҳаштоду ду сол бизист, ва писаре ба дуньё овард.
29 Ва ӯро Нӯҳ ном ниҳода, гуфт: «Ин моро тасаллӣ хоҳад дод аз аъмоли мо ва аз заҳмати дастҳои мо аз замине ки Худованд ба он лаънат хонд».
30 Ва Ломак, баъд аз таваллуди Нӯҳ, панҷсаду наваду панҷ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
31 Пас тамоми айёми Ломак ҳафтсаду ҳафтоду ҳафт сол буд; ва ӯ мурд.
32 Ва Нӯҳ панҷсадсола буд, ва Нӯҳ Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.
1 Ва чун одамон бар рӯи замин афзудан гирифтанд, ва ба онҳо духтарон таваллуд шуданд,
2 Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд.
3 Ва Худованд гуфт: «Рӯҳи Ман дар одамизод доим нахоҳад монд, зеро ки вай башар аст; бигзор айёми вай саду бист сол бошад».
4 Дар он рӯзгорон дар замин баҳодурон буданд, алалхусус баъд аз замоне ки писарони Худо назди духтарони одамизод омаданд, ва онҳо барояшон фарзанд оварданд. Ин паҳлавонон аз қадимулайём мардони номвар буданд.
5 Ва Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисьёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст.
6 Ва Худованд пушаймон шуд, ки одамизодро бар замин ба вуҷуд овард, ва дилаш маҳзун шуд.
7 Ва Худованд гуфт: «Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв месозам, аз одамизод то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон маҳв месозам; зеро пушаймонам, ки онҳоро ба вуҷуд овардаам».
8 Аммо Нӯҳ дар назари Худованд илтифот ёфт.
9 Ин аст насаби Нӯҳ: Нӯҳ марди одил буд, ва дар насли худ покдоман; Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт.
10 Ва Нӯҳ се писар: Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.
11 Ва замин пеши Худо фосид шуд, ва замин аз ситам пур шуд.
12 Ва Худо заминро дид, ки инак, он фосид шудааст: зеро ки ҳар башар роҳи худро бар замин фосид кардааст.
13 Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст; зеро ки замин аз дасти онҳо аз ситам пур шудааст. Ва инак, Ман онҳоро аз замин нест мекунам.
14 Барои худ киштие аз чӯби ҷӯфар бисоз; лонаҳо дар киштӣ бино кун, ва онро аз дарун ва аз берун қир бимол.
15 Ва онро ин тавр бисоз: қади киштӣ сесад зироъ бошад, бари он — панҷоҳ зироъ, ва баландии он — сӣ зироъ.
16 Равзане дар киштӣ бисоз, ва онро ба зирое аз боло тамом кун, ва дари киштиро аз паҳлуи он бигузор; ва қабатҳои поён, миёна ва боло дар он бисоз.
17 Ва инак, Ман тӯфони обро бар замин меоварам, то ҳар махлуқеро, ки рӯҳи ҳаёт дар он бошад, аз зери осмон нест кунам; ва ҳар чӣ бар замин аст, хоҳад мурд.
18 Ва аҳди Худро бо ту барқарор мекунам, ва ба киштӣ медароӣ, ту, ва писаронат, ва занат, ва занони писаронат бо ту.
19 Ва аз тамоми ҳайвонот, аз ҳар махлуқе ҷуфте ба киштӣ дохил кун, то ки бо худ зинда нигоҳ дорӣ: нар ва мода бошанд.
20 Аз паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ва аз чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин мувофиқи ҷинсаш, ҷуфт‐ҷуфт аз ҳама назди ту оянд, то ки зинда нигоҳ дорӣ.
21 Ва аз ҳар озуқае ки хӯрда шавад, бигир ва назди худ захира намо, то ки барои ту ва онҳо хӯрок бошад».
22 Ва Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард.
1 Ва Худованд ба Нӯҳ гуфт: «Ту ва тамоми аҳли байтат ба киштӣ дароед; зеро ки туро дар ин насл пеши Худам одил дидам.
2 Аз ҳар чорпои пок ҳафт‐ҳафт, нар ва мода, бо худ бигир, ва аз чорпои нопок ҷуфт‐ҷуфт, нар ва мода.
3 Аз паррандагони осмон низ ҳафт‐ҳафт, нар ва мода, то ки насле бар рӯи тамоми замин нигоҳ дорӣ.
4 Зеро, баъд аз ҳафт рӯз, Ман чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборонам; ва тамоми махлуқотеро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв мекунам».
5 Ва Нӯҳ ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ фармуд, ба ҷо овард.
6 Ва Нӯҳ шашсадсола буд, чун тӯфони об бар замин омад.
7 Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ аз боиси оби тӯфон ба киштӣ даромаданд.
8 Аз чорпоёни пок, ва аз чорпоёни нопок, ва аз паррандагон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин,
9 Ҷуфт‐ҷуфт, нар ва мода, назди Нӯҳ ба киштӣ даромаданд, чунон ки Худо ба Нӯҳ фармуда буд.
10 Ва баъд аз ҳафт рӯз оби тӯфон бар замин омад.
11 Дар соли шашсадуми ҳаёти Нӯҳ, дар моҳи дуюм, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, дар ҳамон рӯз ҳамаи чашмаҳои вартаи азим шикофта шуд, ва равзанҳои осмон кушода.
12 Ва борон чил рӯз ва чил шаб бар рӯи замин борид.
13 Дар худи ҳамон рӯз Нӯҳ, ва Сом, Ҳом ва Ёфат, писарони Нӯҳ, ва зани Нӯҳ, ва се зани писаронаш бо онҳо ба киштӣ даромаданд.
14 Онҳо, ва ҳамаи ҳайвонҳо мувофиқи ҷинсашон, ва ҳар гуна чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, мувофиқи ҷинсаш, ва ҳамаи паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ҳамаи мурғон, ҳамаи болдорон,
15 Ҷуфт‐ҷуфт аз ҳар махлуқе ки рӯҳи ҳаёт дорад, назди Нӯҳ ба киштӣ омаданд.
16 Ва онҳое ки омаданд, нар ва мода аз ҳар махлуқ омаданд, чунон ки Худо ба ӯ фармуда буд. Ва Худованд дарро аз пушти ӯ баст.
17 Ва тӯфон чил рӯз бар замин давом кард, ва об афзуд, ва киштиро бардошт, ва он аз замин баланд шуд.
18 Ва об пурзӯр мешуд ва бар замин хеле меафзуд; ва киштӣ бар сатҳи об шино мекард.
19 Ва об бар замин хеле ва хеле пурзӯр шуд, ва ҳамаи кӯҳҳои баланде ки зери тамоми осмон буд, пӯшида шуд.
20 Об пурзӯр шуда, понздаҳ зироъ болотар баромад, ва кӯҳҳо пӯшида шуд.
21 Ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазид, ва паррандагон, ва чорпоён, ва ҳайвонҳои ваҳшӣ, ва ҳар махлуқе ки бар замин ҳаракат мекард, ва ҳамаи одамон мурданд.
22 Ҳар он чи дар хушкӣ дами рӯҳи ҳаёт дар димоғаш буд, мурд.
23 Ва ҳар махлуқе ки бар рӯи замин буд, аз одам то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон аз замин маҳв шуд: фақат Нӯҳ, ва он чи бо ӯ дар киштӣ буд, боқӣ монд.
24 Ва об бар замин саду панҷоҳ рӯз пурзӯр мешуд.
1 Ва Худо Нӯҳ ва ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ҳамаи чорпоёнро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, ба ёд овард; ва Худо боде бар замин вазонид, ва об фурӯ нишаст.
2 Ва чашмаҳои варта ва равзанҳои осмон баста шуд, ва борон аз осмон бозистод.
3 Ва об рафта‐рафта аз рӯи замин баргашт, ва баъд аз гузаштани саду панҷоҳ рӯз об кам шуд.
4 Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, киштӣ бар кӯҳҳои Аророт қарор гирифт.
5 Ва то моҳи даҳум об рафта‐рафта кам мешуд; ва дар рӯзи аввали моҳи даҳум қуллаҳои кӯҳҳо намудор шуд.
6 Ва баъд аз гузаштани чил рӯз Нӯҳ даричаи киштиро, ки сохта буд, воз кард.
7 Ва зоғро сар дод, ва он берун парида, мерафту меомад, то даме ки оби рӯи замин хушк шуд.
8 Баъд кабӯтарро аз пеши худ сар дод, то бубинад, ки оё об аз рӯи замин фуромадааст.
9 Аммо кабӯтар ҷои осоише барои кафи пои худ наёфт, ва назди ӯ ба киштӣ баргашт; зеро ки об дар тамоми рӯи замин буд; ва ӯ дасти худро дароз кард ва онро гирифта, назди худ ба киштӣ даровард.
10 Ва ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуд; ва боз кабӯтарро аз киштӣ сар дод.
11 Ва шомгоҳ кабӯтар назди ӯ баргашт; ва инак, барги тозаи зайтун дар минқори вай; ва Нӯҳ донист, ки об аз рӯи замин фуромадааст.
12 Ва боз ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуда, кабӯтарро сар дод; ва он дигар назди ӯ гашта наомад.
13 Ва дар соли шашсаду якум, дар моҳи аввал, дар рӯзи якуми моҳ, оби рӯи замин хушк шуд; ва Нӯҳ сарпӯши киштиро бардошта, нигарист, ва инак, рӯи замин хушк буд.
14 Ва дар моҳи дуюм, дар рӯзи бисту ҳафтуми моҳ, замин хушк шуд.
15 Ва Худо Нӯҳро хитоб карда, гуфт:
16 «Аз киштӣ берун ой, ту, ва занат, ва писаронат, ва занони писаронат бо ту.
17 Ва ҳамаи ҳайвонҳоеро, ки назди худ дорӣ, ҳар махлуқеро аз паррандагон, ва чорпоён, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, бо худ берун овар, то ки бар замин паҳн шуда раванд, ва борвар ва афзун шаванд».
18 Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ берун омаданд.
19 Ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ, ва тамоми ҳайвоноти хазанда, ва ҳамаи паррандагон, ва ҳар чӣ бар замин ҳаракат мекунад, мувофиқи ҷинсҳои худ, аз киштӣ баромаданд.
20 Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.
21 Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.
22 Минбаъд дар тамоми айёми замин
кишт ва дарав,
сармо ва гармо,
тобистон ва зимистон,
рӯз ва шаб
хотима нахоҳад ёфт».
1 Ва Худо Нӯҳ ва писаронашро баракат дода, ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед.
2 Ва ҳайбати шумо ва салобати шумо бар ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ва бар ҳамаи паррандагони осмон, ва бар ҳар чӣ бар замин мехазад, ва бар ҳамаи моҳиёни баҳр хоҳад буд; онҳо ба дасти шумо супурда шуданд.
3 Ҳар ҷунбандае ки зинда аст, барои шумо ғизо бошад; ҳамаро чун алафи сабз ба шумо додам.
4 Фақат гӯштро бо ҷони он, яъне бо хуни он, нахӯред.
5 Ва хуни шуморо низ, ки ҷони шумост, талаб хоҳам кард, аз дасти ҳар ҳайвон онро талаб хоҳам кард, ва ҷони одамизодро аз дасти одамизод, аз дасти бародари ӯ талаб хоҳам кард.
6 Ҳар кӣ хуни одамизодро резад,
хуни ӯ ба дасти одам рехта шавад:
зеро ки одам ба сурати Худо
офарида шудааст.
7 Ва шумо борвар ва афзун шавед,
ва дар рӯи замин паҳн шуда равед, ва дар он биафзоед».
8 Ва Худо Нӯҳ ва писаронашро бо ӯ хитоб карда, гуфт:
9 «Инак, Ман аҳди Худро бо шумо ва баъд аз шумо бо насли шумо барқарор мекунам,
10 Ва бо ҳар ҷони зиндае ки бо шумо бошад, бо паррандагон, бо чорпоён ва бо ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ки бо шумо бошанд, бо ҳар он чи аз киштӣ берун омад, бо ҳамаи ҳайвонҳои замин;
11 Аҳди Худро бо шумо барқарор мекунам, ки бори дигар ҳар махлуқ аз оби тӯфон ҳалок нашавад, ва бори дигар тӯфон барои хароб кардани замин рӯй надиҳад».
12 Ва Худо гуфт: «Ин аст аломати аҳде ки Ман мебандам дар миёни Худам ва шумо ва ҳар ҷони зиндае ки бо шумо бошад, аз насл ба насл то абад:
13 Рангинкамони Худро дар абр мегузорам, то ки аломати аҳди байни Ман ва замин бошад.
14 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар гоҳ Ман абрро бар замин равона кунам, ва рангинкамон дар абр намудор гардад,
15 Ман аҳди Худро, ки дар миёни Ман ва шумо ва ҳар ҷони зиндаи ҳар махлуқ аст, ба ёд хоҳам овард; ва бори дигар оби тӯфон барои ҳалок кардани ҳар махлуқ рӯй нахоҳад дод.
16 Ва чун рангинкамон дар абр бошад, Ман онро дида, он аҳди ҷовидониро, ки дар миёни Худо ва ҳар ҷони зиндаи ҳар махлуқи рӯи замин аст, ба ёд меоварам».
17 Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Ин аст аломати аҳде ки барқарор мекунам дар миёни Худам ва ҳар махлуқе ки бар замин аст».
18 Писарони Нӯҳ, ки аз киштӣ берун омаданд, Сом, Ҳом ва Ёфат буданд. Ва Ҳом падари Канъон аст.
19 Ин се нафар писарони Нӯҳ буданд, ва аз онҳо тамоми замин маскун гашт.
20 Ва Нӯҳ ба коркарди замин шурӯъ намуд, ва токзоре шинонд.
21 Ва шароб нӯшида, маст шуд, ва дар хаймаи худ бараҳна хобид.
22 Ва Ҳом, падари Канъон, аврати падари худро дид, ва берун баромада, ба ду бародараш нақл кард.
23 Сом ва Ёфат ҷомаро гирифта, бар китфи худ партофтанд, ва ақибнокӣ рафта, аврати падари худро пӯшониданд; ва азбаски рӯяшон ба ақиб нигаронида шуда буд, онҳо аврати падари худро надиданд.
24 Ва Нӯҳ аз нашъаи шароби худ ҳушьёр шуда, фаҳмид, ки писари хурдияш дар ҳаққи ӯ чӣ кор кардааст;
25 Ва гуфт:
«Канъон малъун бод; пеши бародарони худ
бандаи бандагон бошад».
26 Ва гуфт:
«Муборак аст Худованд
Худои Сом; бигзор
Канъон бандаи Сом бошад.
27 Худо Ёфатро вусъат диҳад;
ва дар хаймаҳои Сом маскан гирад;
ва Канъон бандаи онҳо бошад».
28 Ва Нӯҳ баъд аз тӯфон сесаду панҷоҳ сол бизист.
29 Пас тамоми айёми Нӯҳ нӯҳсаду панҷоҳ сол буд; ва ӯ мурд.
1 Ин аст насаби писарони Нӯҳ: Сом, Ҳом ва Ёфат. Ба онҳо баъд аз тӯфон писарон таваллуд шуданд.
2 Писарони Ёфат: Ҷӯмар, Моҷӯҷ, Модай, Ёвон, Тубол, Машак ва Тирос.
3 Писарони Ҷӯмар: Ашканаз, Рифат ва Тӯҷармо.
4 Писарони Ёвон: Алишо, Таршиш, Киттим ва Дӯдоним.
5 Аз онҳо халқҳои соҳилҳо дар заминҳои худ паҳн шуданд, ҳар яке мувофиқи забони худ, мувофиқи қабилаҳои худ, дар халқҳои худ.
6 Писарони Ҳом: Куш, Миср, Фут ва Канъон.
7 Писарони Куш: Сабо, Ҳавило, Сабто, Раъмо ва Сабтако. Писарони Раъмо: Шабо ва Дадон.
8 Ва Куш Нимрӯдро ба дуньё овард: ӯ ба пурзӯр шудан бар рӯи замин шурӯъ кард.
9 Ӯ пеши Худованд сайёди пурзӯр буд; ба ҳамин сабаб мегӯянд: «Мисли Нимрӯд сайёди пурзӯр пеши Худованд».
10 Ибтидои мамлакати ӯ Бобил, Арак, Аккад ва Калне дар замини Шинъор буд.
11 Аз он замин Ашшур баромада, Нинве, Раҳӯбӯир ва Колаҳро бино кард,
12 Ва Расанро дар миёни Нинве ва Колаҳ; ва он шаҳри бузург буд.
13 Ва Миср Лудим, Аномим, Лаҳобим ва Нафтуҳимро ба дуньё овард,
14 Ва Фатрусим ва Каслуҳимро, ки аз он ҷо фалиштиён пайдо шудаанд, ва Кафтӯримро.
15 Ва Канъон Сидӯн нахустзодаи худ ва Ҳитро ба дуньё овард,
16 Ва Ябусӣ, Амӯрӣ ва Ҷирҷоширо,
17 Ва Ҳиввӣ, Арқӣ ва Синиро,
18 Ва Арводӣ, Саморӣ ва Ҳамотиро. Баъд аз он қабилаҳои канъонӣ паҳн шуда рафтанд.
19 Ва ҳудуди канъониён аз Сидӯн ба самти Ҷарор то Ғазза буд ва ба самти Садӯм, Амӯро, Адмо ва Сабӯим то Лошаъ.
20 Инҳоянд писарони Ҳом, мувофиқи қабилаҳои онҳо, мувофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо, дар халқҳои онҳо.
21 Ба Сом низ, ки падари ҳамаи писарони Эбар ва бародари калонии Ёфат буд, писарон таваллуд шуданд.
22 Писарони Сом: Элом, Ашшур, Арфакшад, Луд ва Арам.
23 Ва писарони Арам: Ус, Ҳул, Ҷатар ва Маш.
24 Ва Арфакшад Шолаҳро ба дуньё овард, ва Шолаҳ Эбарро ба дуньё овард.
25 Ва ба Эбар ду писар таваллуд шуд: яке Фолаҷ ном дошт, зеро ки дар айёми ӯ замин тақсим шудааст; ва номи бародараш — Ёқтон.
26 Ва Ёқтон Алмӯдод, Шолаф, Ҳазармавт ва Ёраҳро ба дуньё овард,
27 Ва Ҳадӯром, Узол ва Диқлоро,
28 Ва Ӯбол, Абимоил ва Шаборо,
29 Ва Ӯфир, Ҳавило ва Йӯбобро. Ҳамаи онҳо писарони Ёқтон буданд.
30 Ва маскани онҳо аз Мешо буд ба самти Сафоро, кӯҳи шарқӣ.
31 Инҳоянд писарони Сом мувофиқи қабилаҳои онҳо, мувофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо мувофиқи халқҳои онҳо.
32 Инҳоянд қабилаҳои писарони Нӯҳ, мувофиқи насаби онҳо, дар халқҳои онҳо. Аз онҳо баъд аз тӯфон халқҳо бар рӯи замин паҳн шуданд.
1 Дар тамоми замин як забон ва як лаҳҷа буд.
2 Ҷун аз шарқ кӯч мекарданд, даште дар замини Шинъор ёфтанд ва дар он ҷо маскан гирифтанд.
3 Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, хишт резем, ва онро дар дош пазем». Ва онҳоро хишт ба ҷои санг буд, ва қир ба ҷои гил.
4 Ва гуфтанд: «Биёед, шаҳре барои худ бино кунем, ва бурҷе ки сараш ба осмон бирасад; ва номе барои худ пайдо кунем, мабодо бар рӯи тамоми замин пароканда шавем».
5 Ва Худованд фурӯд омад барои дидани шаҳр ва бурҷе ки фарзандони одам бино мекарданд.
6 Ва Худованд гуфт: «Инак, қавм як аст, ва ҳамаи онҳоро забон як аст; ва ин корро шурӯъ кардаанд, ва акнун ҳар коре ки карданӣ шудаанд, барояшон дастнорас нахоҳад буд.
7 Пас фурӯд оем, ва забони онҳоро дар он ҷо махлут кунем, то ки сухани якдигарро нафаҳманд».
8 Ва Худованд онҳоро аз он ҷо бар рӯи тамоми замин пароканда кард; ва онҳо сохтани шаҳрро бас карданд.
9 Аз ҳамин сабаб он ҷоро Бобил номидаанд; зеро ки дар он ҷо Худованд забони тамоми заминро махлут кард, ва аз он ҷо Худованд онҳоро бар рӯи тамоми замин пароканда кард.
10 Ин аст насаби Сом: Сом садсола буд, ва Арфакшадро баъд аз ду соли тӯфон ба дуньё овард.
11 Ва Сом, баъд аз таваллуди Арфакшад, панҷсад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
12 Ва Арфакшад сию панҷ сол бизист, ва Шолаҳро ба дуньё овард.
13 Ва Арфакшад, баъд аз таваллуди Шолаҳ, чорсаду се сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
14 Ва Шолаҳ сӣ сол бизист, ва Эбарро ба дуньё овард.
15 Ва Шолаҳ, баъд аз таваллуди Эбар, чорсаду се сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
16 Ва Эбар сию чор сол бизист, ва Фолаҷро ба дуньё овард.
17 Ва Эбар, баъд аз таваллуди Фолаҷ, чорсаду сӣ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
18 Ва Фолаҷ сӣ сол бизист, ва Рауро ба дуньё овард.
19 Ва Фолаҷ, баъд аз таваллуди Рау, дусаду нӯҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
20 Ва Рау сию ду сол бизист, ва Саруҷро ба дуньё овард.
21 Ва Рау, баъд аз таваллуди Саруҷ, дусаду ҳафт сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
22 Ва Саруҷ сӣ сол бизист, ва Ноҳӯрро ба дуньё овард.
23 Ва Саруҷ, баъд аз таваллуди Ноҳӯр, дусад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
24 Ва Ноҳӯр бисту нӯҳ сол бизист, ва Тораҳро ба дуньё овард.
25 Ва Ноҳӯр, баъд аз таваллуди Тораҳ, саду нуздаҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
26 Ва Тораҳ ҳафтод сол бизист, ва Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард.
27 Ва ин аст насаби Тораҳ: Тораҳ Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард. Ҳорон Лутро ба дуньё овард.
28 Ва Ҳорон пеш аз фавти падари худ Тораҳ, дар замини таваллуди худ, дар Ури калдониён мурд.
29 Ва Абром ва Ноҳӯр занон барои худ гирифтанд: номи зани Абром — Сорай ва номи зани Ноҳӯр — Милко, духтари Ҳорон, падари Милко ва падари Иско.
30 Ва Сорай бенасл буда, бача надошт.
31 Ва Тораҳ писари худ Абром ва набераи худ Лут, писари Ҳорон, ва келини худ Сорай, зани писараш Абромро гирифта, бо онҳо аз Ури калдониён берун омад, то ки ба замини Канъон бираванд, вале ба Ҳоррон расида, дар он ҷо маскан гирифтанд.
32 Ва айёми Тораҳ дусаду панҷ сол буд, ва Тораҳ дар Ҳоррон мурд.
14 Ва Худованд Худо ба мор гуфт:
«Азбаски ин корро кардӣ,
аз ҳамаи чорпоён ва аз ҳамаи ҳайвонҳои
саҳро ту малъун бошӣ;
ту бар шикамат роҳ хоҳӣ рафт,
ва тамоми айёми умрат хок хоҳӣ хӯрд.
15 Ва дар миёни ту ва зан,
ва дар миёни насли ту
ва насли вай адоват меандозам:
вай сари туро хоҳад кӯфт,
ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».
16 Ба зан гуфт:
«Ранҷи туро дар ҳомиладории ту бисьёр афзун мегардонам;
бо дард фарзандон хоҳӣ зоид;
ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд,
ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард».
17 Ва ба Одам гуфт: «Азбаски ба овози занат гӯш додӣ ва аз он дарахт хӯрдӣ, ки амр фармуда, гуфтам:
„Аз он нахӯрӣ“,
замин аз боиси ту малъун шуд;
тамоми айёми умрат аз он бо ранҷ хоҳӣ хӯрд;
18 Хору хас бароят хоҳад рӯёнид;
ва алафи саҳроро хоҳӣ хӯрд.
19 Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд,
то даме ки ба хок баргардӣ,
ки аз он гирифта шудаӣ;
зеро ки ту хок ҳастӣ,
ва ба хок хоҳӣ баргашт».
17 Ва ба Одам гуфт: «Азбаски ба овози занат гӯш додӣ ва аз он дарахт хӯрдӣ, ки амр фармуда, гуфтам:
„Аз он нахӯрӣ“,
замин аз боиси ту малъун шуд;
тамоми айёми умрат аз он бо ранҷ хоҳӣ хӯрд;
18 Хору хас бароят хоҳад рӯёнид;
ва алафи саҳроро хоҳӣ хӯрд.
19 Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд,
то даме ки ба хок баргардӣ,
ки аз он гирифта шудаӣ;
зеро ки ту хок ҳастӣ,
ва ба хок хоҳӣ баргашт».
Ҳастӣ 1–11 · Ҳастӣ 3:14–19 · Ҳастӣ 3:17–19 · KM92