5 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 6 Октябр: Ҳама чиз назди Ту мумкин аст
Нури ҳаррӯза
Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар таҳти салтанат нишастааст.
Ваҳй Юҳанно 19:6
Медонам, ки ҳар кор аз дасти Ту меояд.
Айюб 42:2
Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст.
Инҷили Луқо 18:27
Ва Ӯ ба лашкари осмон ва сокинони замин бар тибқи иродаи Худ амал мекунад, ва касе нест, ки дасти Ӯро рад намояд ва ба Ӯ бигӯяд: «Чӣ мекунӣ?»
Дониёл 4:32
Ки аз дасти Ман раҳо кунад: Ман амал хоҳам кард, ва кист, ки инро ботил намояд?
Ишаъё 43:13
Аббо, Падарам! Ҳама чиз назди Ту мумкин аст.
Инҷили Марқӯс 14:36
Ки Ман ин корро карда метавонам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!» Он гоҳ чашмони онҳоро ламс карда, гуфт: «Мувофиқи имонатон ба шумо бишавад.
Инҷили Матто 9:28–29
Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Ва Исо дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Меҳоҳам.
Инҷили Матто 8:2–3
Худои Ҷаббор, Падари ҷовид.
Ишаъё 9:6
Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст.
Инҷили Матто 28:18
Баъзеҳо аробаҳоро ва баъзеҳо аспҳоро, вале мо исми Худованд Худои худро зикр менамоем.
Забур 19:8
Қавӣ ва далер бошед, аз подшоҳи Ашшур ва аз тамоми анбӯҳе ки бо ӯст ... аз қуввате ки бо ӯст, бештар аст.
2 Вақоеънома 32:7
Чӣ суханест, ки ба ту гуфтааст? Лутфан.
1 Подшоҳон 3:17
Ба ту, эй одамизод, гуфта шудааст, ки чӣ чиз некӯст, ва Худованд аз ту чӣ чизро талаб мекунад, яъне фақат инро, ки аз рӯи инсоф амал намоӣ, ва марҳаматро дӯст дорӣ, ва дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ равӣ.
Мико 6:8
Ва аҳкоми Худованд ва фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту, барои манфиати ту амр мефармоям, риоят кунӣ.
Такрори Шариат 10:13
Лекин тамоми аҳли аъмоли шариат зери дасти лаънат мебошанд; зеро ки навишта шудааст: «Малъун аст ҳар касе ки ҳар чизи дар китоби шариат навишташударо доимо ба ҷо намеоварад». Ва ин ки ҳеҷ кас ба воситаи шариат ба ҳузури Худо сафед намешавад, ин равшан аст, чунки одил ба воситаи имон зиндагӣ хоҳад кард. Пас, шариат барои чист? Он баъдтар аз боиси ҷиноятҳо дода шудааст, то вақти омадани Насле ки ваъда ба Ӯ дахл дорад.
Нома ба Ғалотиён 3:10–11, 19
Худое ки аз қадимулайём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст, Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд.
ба Ибриён 1:1–2
Бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад.
1 Подшоҳон 3:9
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан4 Окт 2026
Хуруҷ 34:29 · Забур 115:1
3 Окт 2026
Ваҳй Юҳанно 1:5 · Суруди Сурудҳо 8:7
2 Окт 2026
Ибодат 16:22 · Забур 103:12
1 Окт 2026
Нома ба Ғалотиён 5:22–23 · 1 ба Қӯринтиён 9:25–27
30 Сен 2026
Айюб 23:10 · Забур 103:14
29 Сен 2026
1 Юҳанно 3:16 · Нома ба Эфсӯсиён 3:19






