6 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 7 Октябр: Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад!
Нури ҳаррӯза
Ва ба ҳалимон тариқи Худро таълим медиҳад.
Забур 24:9
Хушо ҳалимон.
Инҷили Матто 5:5
Боз назар андохта, дар таҳти офтоб дидам, ки даводавӣ на аз барои сабукравон аст, ва корзор на аз барои баҳодурон аст, ва нон на аз барои хирадмандон аст, ва сарват на аз барои оқилон аст, ва меҳр на аз барои донишмандон аст.
Воиз 9:11
Дили одам роҳи ӯро нақша мекашад, вале Худованд қадамҳои ӯро равона менамояд.
Масалҳо 16:9
Суруди сууд. Сӯи Ту чашмонамро менигаронам, эй, ки бар осмонҳо нишастаӣ! Инак, чунон ки чашмони ғуломон сӯи дасти оғоёни онҳост, чунон ки чашмони каниз сӯи дасти хотуни ӯст, ончунон чашмони мо сӯи Худованд Худои мост.
Забур 122:1–2
Тариқеро, ки бо он биравам, ба ман маълум намо, зеро ки ҷонамро сӯи Ту нигаронидаам.
Забур 142:8
Эй Худои мо! Худат онҳоро доварӣ намо, зеро мо қувват надорем, ки пеши анбӯҳи бузурге ки ба муқобили мо меоянд, истодагӣ намоем, ва мо намедонем чӣ кор кунем, балки чашмони мо ба сӯи Туст.
2 Вақоеънома 20:12
Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, — ва ба вай ато хоҳад шуд.
Яъқуб 1:5
Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ ҳоҳад кард.
Инҷили Юҳанно 16:13
Эй Худованд Худо ... ва хонадони бандаат аз баракати Ту то абад муборак хоҳад буд.
2 Подшоҳон 7:29
Эй Худованд, онро баракат додаӣ, ва он то абад муборак хоҳад буд.
1 Вақоеънома 17:27
Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад.
Масалҳо 10:22
Нотавононро дастгирӣ намоем ва суханони Исои Худовандро дар хотир нигоҳ дорем, ки Ӯ гуфтааст: „Додан аз гирифтан беҳтар аст“.
Аъмоли Ҳаввориён 20:35
Балки, чун зиёфат медиҳӣ, мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро даъват намо, Ва ту хушбахт хоҳӣ буд, ки онҳо имконият надоранд мукофоте ба ту бидиҳанд; зеро ки дар рӯзи эҳьёи одилон мукофоте ба ту ато хоҳад шуд.
Инҷили Луқо 14:13–14
Биёед, эй баракатьёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред: Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед; ташна будам, ба Ман об додед; ғариб будам, Маро пазируфтед; Бараҳна будам, Маро пӯшондед; бемор будам, Маро иёдат кардед; дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед.
Инҷили Матто 25:34–36
Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард.
Забур 40:2
Зеро ки Худованд Худо офтоб ва сипар аст.
Забур 83:12
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан5 Окт 2026
Забур 50:15 · Забур 42:11
4 Окт 2026
Хуруҷ 34:29 · Забур 115:1
3 Окт 2026
Ваҳй Юҳанно 1:5 · Суруди Сурудҳо 8:7
2 Окт 2026
Ибодат 16:22 · Забур 103:12
1 Окт 2026
Нома ба Ғалотиён 5:22–23 · 1 ба Қӯринтиён 9:25–27
30 Сен 2026
Айюб 23:10 · Забур 103:14



