4 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 5 Октябр: Ва дар рӯзи тангӣ Маро бихон
Нури ҳаррӯза
Ва дар рӯзи тангӣ Маро бихон; туро халосӣ хоҳам дод, ва ту Маро мадҳ хоҳӣ кард.
Забур 49:15
Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳам шуд, ки Ӯ наҷоти рӯи ман ва Худои ман аст.
Забур 41:12
Худовандо! Орзуи ҳалимонро шунидаӣ; дили онҳоро қавӣ гардон; гӯшатро бикшо.
Забур 9:38
Зеро ки Ту, эй Худованд, некӯ ва омурзгор ҳастӣ, ва пур аз эҳсон ба ҳамаи онҳое ки Туро мехонанд.
Забур 85:5
Ва Яъқуб ба аҳли байти худ ва ҳамаи касоне ки бо ӯ буданд ... Ва бархоста, сӯи Байт‐Ил равона шавем, ва он ҷо ман қурбонгоҳе бисозам барои Худо, ки маро дар рӯзи тангии ман иҷобат намуд, ва дар роҳе ки рафтам, бо ман буд.
Ҳастӣ 35:2–3
Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон, ва ҳамаи некиҳои Ӯро фаромӯш накун.
Забур 102:2
Худовандро дӯст медорам, зеро ки овози маро, зориҳои маро мешунавад; Зеро ки гӯши Худро сӯи ман хам намудааст, бинобар ин тамоми умри худ Ӯро хоҳам хонд. Камандҳои мамот маро фаро гирифт ва азобҳои гӯр маро дарьёфт; ба тангӣ ва ғаму ғусса дучор шудам. Он гоҳ исми Худовандро хондам: Лутфан.
Забур 114:1–4
Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.
ба Ибриён 10:37
Ва Худованд ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Рӯъёро бинавис ва бар лавҳҳо ҳак намо, то ки хонанда онро бо тезӣ бихонад. Зеро ки рӯъё барои мӯҳлати муайян аст, ва аз фарҷом шаҳодат медиҳад, ва дурӯғ намегӯяд; агар даранг кунад, онро мунтазир шав, зеро ки ҳатман ба амал хоҳад омад, таъхир нахоҳад кард.
Ҳабаққуқ 2:2–3
Аммо ҳамин як чиз аз шумо, эй маҳбубон, набояд пӯшида бошад, ки дар назари Худованд як рӯз мисли ҳазор сол аст, ва ҳазор сол мисли як рӯз. Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунанд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд.
2 Петрус 3:8–9
Валекин Ту, эй Худованд, Худои раҳим ва бахшандаӣ, собир ва пур аз эҳсон ва ростӣ.
Забур 85:15
Кошки Ту осмонро дарронда, нузул менамудӣ! ... Ва ҳаргиз нашнидаанд, ва гӯш накардаанд, ва чашм Худоеро ғайр аз Ту надидааст, ки барои умедворонаш чунин амал карда бошад.
Ишаъё 64:1, 4
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан3 Окт 2026
Ваҳй Юҳанно 1:5 · Суруди Сурудҳо 8:7
2 Окт 2026
Ибодат 16:22 · Забур 103:12
1 Окт 2026
Нома ба Ғалотиён 5:22–23 · 1 ба Қӯринтиён 9:25–27
30 Сен 2026
Айюб 23:10 · Забур 103:14
29 Сен 2026
1 Юҳанно 3:16 · Нома ба Эфсӯсиён 3:19
28 Сен 2026
Ададҳо 6:27 · Ишаъё 26:13






