12 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 13 Октябр: Пас, ба Худо итоат намоед
Нури ҳаррӯза
Зеро аз рӯзи аввале ки дили худро ба он ниҳодӣ, ки бифаҳмӣ ва пеши Худои худ рӯзадор бошӣ, суханони ту мустаҷоб шуд.
Дониёл 10:12
Зеро Ӯ, ки Олӣ ва Баланд аст, ва дар абадият Сокин мебошад, ва исмаш Қуддус аст, чунин мегӯяд: «Ман дар макони олӣ ва муқаддас, вале бо мазлум ва афтодарӯҳ сукунат дорам, то ки рӯҳи афтодагонро зинда созам, ва дили мазлумонро эҳьё намоям.
Ишаъё 57:15
Қурбониҳои дилхоҳи Худо рӯҳи шикаста аст; дили шикаста ва залилро Ту, эй Худо, хор нахоҳӣ дид.
Забур 50:19
Ҳар чанд ки Худованд баланд аст, ба замин назар мекунад, ва ҳавобаландро аз дур мешиносад.
Забур 137:6
Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад.
1 Петрус 5:6
Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад». Пас, ба Худо итоат намоед.
Яъқуб 4:6–7
Зеро ки Ту, эй Худованд, некӯ ва омурзгор ҳастӣ, ва пур аз эҳсон ба ҳамаи онҳое ки Туро мехонанд. Ба дуоям, эй Худованд, гӯш андоз, ва ба овози зориҳоям диққат намо. Дар рӯзи тангии худ Туро хоҳам хонд, зеро ки маро иҷобат хоҳӣ кард.
Забур 85:5–7
Иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд.
Инҷили Матто 6:10
Балки дарк кунед, ки иродаи Худо чист.
Нома ба Эфсӯсиён 5:17
Ба ҳамин тариқ, иродаи Падари шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин тифлон нобуд шавад.
Инҷили Матто 18:14
Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунед.
1 ба Таслӯникиён 4:3
То ки боқии умри ҷисмониро на аз рӯи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофиқи иродаи Худо ба сар барад.
1 Петрус 4:2
Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард ... Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта.
Яъқуб 1:18, 21
Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам.
1 Петрус 1:16
Гуфт: Инак модари Ман ва бародарони Ман; Зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст.
Инҷили Марқӯс 3:34–35
Ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард; Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он фурӯ нарафт, чунки бар санг бино шуда буд.
Инҷили Матто 7:24–25
Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.
1 Юҳанно 2:17
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан11 Окт 2026
Забур 22:11 · Забур 13:1–2
10 Окт 2026
Нома ба Эфсӯсиён 3:15 · Нома ба Эфсӯсиён 4:6
9 Окт 2026
Наҳемьё 9:17 · 2 Петрус 3:9
8 Окт 2026
ба Ибриён 13:6 · Нома ба Румиён 8:35
7 Окт 2026
Забур 25:9 · Инҷили Матто 5:5
6 Окт 2026
Ваҳй Юҳанно 19:6 · Айюб 42:2






