14 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 15 Октябр: Зеро Худо паноҳгоҳи ман аст
Нури ҳаррӯза
Зеро Худо паноҳгоҳи ман аст.
Забур 58:10
Худованд сахраи ман ва қалъаи ман ва раҳокунандаи ман аст. Худо кӯҳпораи ман аст, ки ба вай паноҳ мебарам; сипари ман ва шохи наҷоти ман аст, паноҳгоҳ ва гурезгоҳи ман аст. Эй наҷотдиҳандаи ман.
2 Подшоҳон 22:2–3
Худованд қуввати ман ва сипари ман аст; дилам ба Ӯ таваккал намуд, ва ман мадад ёфтам, ва дилам шод шуд, ва Ӯро бо суруди худ ҳамд хоҳам гуфт.
Забур 27:7
Вақте ки душман мисли наҳре ба ҳуҷум ояд, нафаси Худованд варо хоҳад ронд.
Ишаъё 59:19
Бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем: «Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?»
ба Ибриён 13:6
Таронаи Довуд. Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам? Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?
Забур 26:1
Кӯҳҳо гирдогирди Ерусалим аст, ва Худованд гирдогирди қавми Худ, аз ҳоло ва то абад.
Забур 124:2
Зеро ки Ту мададгори ман будӣ, ва дар сояи болҳои Ту шодӣ хоҳам кард.
Забур 62:8
Ва ба хотири исми Худ маро ҳодӣ ва роҳнамо бош.
Забур 30:4
Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони ҳуд мебаҳшем.
Инҷили Матто 6:12
Худовандо! Чанд бор ба бародари худ, ки нисбат ба ман гуноҳ карда бошад, афв намоям? Оё то ҳафт бор?» Исо ба вай гуфт: «Ба ту намегӯям: „То ҳафт бор“, балки то ҳафтод карат ҳафт бор.
Инҷили Матто 18:21–22
Эй ғуломи шарир! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос кардӣ; Оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?“ Ва оғояш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад. Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аст, бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб афв накунад.
Инҷили Матто 18:32–35
Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст.
Нома ба Эфсӯсиён 4:32
Бо Ӯ зинда карда, ҳамаи гуноҳҳотонро омурзид. Ва он дастнависро, ки бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард.
Нома ба Қӯлассиён 2:13–14
Чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед.
Нома ба Қӯлассиён 3:13
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан13 Окт 2026
Дониёл 10:12 · Ишаъё 57:15
12 Окт 2026
2 ба Қӯринтиён 5:19 · Нома ба Қӯлассиён 1:19–20
11 Окт 2026
Забур 22:11 · Забур 13:1–2
10 Окт 2026
Нома ба Эфсӯсиён 3:15 · Нома ба Эфсӯсиён 4:6
9 Окт 2026
Наҳемьё 9:17 · 2 Петрус 3:9
8 Окт 2026
ба Ибриён 13:6 · Нома ба Румиён 8:35






