16 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 17 Октябр: Ба исми Ту тамоми рӯз шодӣ мекунанд
Нури ҳаррӯза
Ба исми Ту тамоми рӯз шодӣ мекунанд, ва ба адолати Ту сарафроз мегарданд.
Забур 88:17
Адолат ва қудрат барои ман фақат дар Худованд аст“». Ҳаман онҳое ки бар Ӯ ғазаб доштанд, сӯи Ӯ хоҳанд омад ва хиҷил хоҳанд шуд. Тамоми насли Исроил дар Худованд сафед хоҳанд шуд ва ҷалол хоҳанд ёфт.
Ишаъё 45:24–25
Дар Худованд шодӣ ва хурсандӣ кунед, эй одилон! Ва тараннум намоед, эй ҳамаи ростдилон!
Забур 31:11
Сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд ... Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон ... Ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад.
Нома ба Румиён 3:21–22, 26
Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед.
Нома ба Филиппиён 4:4
Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед.
1 Петрус 1:8
Зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст.
Инҷили Матто 6:13
Худованд подшоҳӣ мекунад; Худро ба хилъати кибриё оростааст ... Тахти Ту аз қадимулайём барқарор гардидааст; Ту аз азал ҳастӣ.
Забур 92:1–2
Худованд пурсабр ва бузургқувват аст.
Наҳум 1:3
Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?
Нома ба Румиён 8:31
Ки Ӯро ибодат менамоем, ва Ӯ қодир аст моро аз кӯраи оташи сӯзон бираҳонад, ва аз дасти ту, эй подшоҳ.
Дониёл 3:17
Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад.
Инҷили Юҳанно 10:29
Зеро Ӯ, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст.
1 Юҳанно 4:4
На моро, эй Худованд, на моро, балки исми Худро ҷалол деҳ.
Забур 113:9
Худовандо! Кибриё ва зӯрмандӣ ва шукӯҳ ва нусрат ва шавкат аз они Туст, зеро ки ҳар он чи дар осмон ва замин аст, аз они Туст. Худовандо! Салтанат аз они Туст, ва ту бар сари ҳама мутаол ҳастӣ. Ва алҳол, эй Худои мо, мо Туро ҳамд мегӯем, ва исми пуршукӯҳи Туро ситоиш мекунем. Аммо ман кистам ва қавми ман чистанд, ки қувват дошта бошем чунин ионат диҳем? Зеро ки ҳама чиз аз ҷониби Туст, ва он чиро, ки аз дасти Ту гирифтаем, ба ту додаем.
1 Вақоеънома 29:11, 13–14
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан15 Окт 2026
Забур 59:9 · 2 Подшоҳон 22:2–3
14 Окт 2026
Нома ба Румиён 14:9 · Ишаъё 53:10–11
13 Окт 2026
Дониёл 10:12 · Ишаъё 57:15
12 Окт 2026
2 ба Қӯринтиён 5:19 · Нома ба Қӯлассиён 1:19–20
11 Окт 2026
Забур 22:11 · Забур 13:1–2
10 Окт 2026
Нома ба Эфсӯсиён 3:15 · Нома ба Эфсӯсиён 4:6






