17 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 18 Октябр: Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ
Нури ҳаррӯза
Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.
Инҷили Юҳанно 19:34
Ин аст хуни аҳде ки Худованд бар ҳамаи ин суханон бо шумо бастааст.
Хуруҷ 24:8
Чунки ҷони ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат намояд.
Ибодат 17:11
Зеро аз имкон берун аст, ки хуни говҳо ва бузҳо гуноҳҳоро нест кунад.
ба Ибриён 10:4
Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон рехта мешавад.
Инҷили Марқӯс 14:24
Балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба кудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард.
ба Ибриён 9:12
Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода.
Нома ба Қӯлассиён 1:20
Ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед, Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок ... лекин дар замони охир барои шумо зоҳир шудааст.
1 Петрус 1:18–20
Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.
Ҳизқиёл 36:25
Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода.
ба Ибриён 10:22
Омин“.
Инҷили Матто 6:13
Бигзор Худованд Худои оғоям подшоҳ низ чунин гӯяд!
3 Подшоҳон 1:36
Ҳар кӣ бар замин фотиҳа диҳад, ба Худои ҳақ фотиҳа хоҳад дод, ва ҳар кӣ бар замин қасам хӯрад, ба Худои ҳақ қасам хоҳад хӯрд.
Ишаъё 65:16
Вақте ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист қасам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард Зеро ки одамон бо он чи бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботест, ки ба ҳар мунозираи онҳо хотима медиҳад. Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд, То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.
ба Ибриён 6:13, 16–18
Омин, ки шоҳиди амин ва ҳақ, ибтидои хилқати Худост.
Ваҳй Юҳанно 3:14
Зеро ки ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ «оре» буд ва дар Ӯ «омин» буд, — барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо.
2 ба Қӯринтиён 1:20
Муборак аст Худованд Худо, Худои Исроил, ки танҳо Худаш корҳои аҷоиб мекунад. Ва исми ҷалоли Ӯ то абад муборак аст ... омин ва омин!
Забур 71:18–19
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан16 Окт 2026
Нома ба Румиён 12:11 · Воиз 9:10
15 Окт 2026
Забур 59:9 · 2 Подшоҳон 22:2–3
14 Окт 2026
Нома ба Румиён 14:9 · Ишаъё 53:10–11
13 Окт 2026
Дониёл 10:12 · Ишаъё 57:15
12 Окт 2026
2 ба Қӯринтиён 5:19 · Нома ба Қӯлассиён 1:19–20
11 Окт 2026
Забур 22:11 · Забур 13:1–2






