Нури ҳаррӯза, 19 Октябр: Пас мо ба ин чӣ гӯем?

Нури ҳаррӯза

Нури ҳаррӯза

Зеро ки Худованд умедбахши ту хоҳад буд, ва пои туро аз дом нигоҳ хоҳад дошт.

Ба яқин хашми одамизод ба ҳамди Ту табдил хоҳад ёфт; бар боқии хашмҳо Ту камар хоҳӣ баст.

Дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Худованд аст: онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад.

Агар роҳҳои одам ба Худованд мақбул бошад, душманонашро низ бо вай оштӣ медиҳад.

Ба Худованд умедворам, ҷонам умедвор аст; ва ба каломи Ӯ умед бастаам. Ҷонам Худовандро мунтазир аст, зиёда аз он ки посбонон субҳидамро, посбонон субҳидамро.

Худовандро талабидам, ва маро иҷобат намуд, ва аз ҳамаи бимҳоям маро халосӣ дод.

Худои азалӣ паноҳгоҳ аст, ва дар поён то абад ҳимоятгар аст; ва душманро аз пеши ту бадар меронад, ва мегӯяд: „Маҳв намо!“

Муборак аст марде ки ба Худованд таваккал мекунад, ва Худованд пушту паноҳи ӯст.

Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?

Агар тасаллое дар Масеҳ бошад, агар хушнӯдии муҳаббат бошад, агар алокаи рӯҳ бошад.

Одамизод, ки аз зан зоида мешавад, рӯзҳояш кам ва азобаш бисьёр аст: Мисли гул месабзад ва пажмурда мешавад, ва мисли соя мегурезад ва боқӣ намемонад.

Ва Ман аз Падар илтимос ҳоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад.

Ва Ман аз Падар илтимос ҳоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад ... яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод.

Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло, Ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон тасалло дода тавонем бо ҳамон тасаллое ки худамон аз Худо меёбем.

Агар мо имон дорем, ки Исо мурд ва эҳьё шуд, ба ҳамин тарз низ Худо онҳоеро, ки дар Исо мурдаанд, бо Ӯ хоҳад овард. ... ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд. Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед.

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999. www.ifb.nu

Акс аз Аҳмет Юксек ✪ дар Unsplash (https://unsplash.com/photos/hazy-mountain-peaks-at-sunrise-or-sunset-jUZUTcnJoQw)

Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).