20 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 21 Октябр: Ман ва Падар як ҳастем
Нури ҳаррӯза
Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем.
Инҷили Юҳанно 1:16
Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст.
Инҷили Матто 17:5
Бубинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем, ва чунин ҳастем.
1 Юҳанно 3:1
Ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.
ба Ибриён 1:2
Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем.
Нома ба Румиён 8:17
Ман ва Падар як ҳастем». ... ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ӯ.
Инҷили Юҳанно 10:30, 38
Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо сууд мекунам.
Инҷили Юҳанно 20:17
Ман дар онҳо ҳастам, ва Ту дар Ман; то ки онҳо дар ягонагӣ комил бошанд.
Инҷили Юҳанно 17:23
Ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод, Ки он Бадани Ӯст, пуррагии Ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.
Нома ба Эфсӯсиён 1:22–23
Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.
2 ба Қӯринтиён 7:1
Ғулом бузургтар аз оғои худ нест, ва расул бузургтар аз фиристандаи худ нест. Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред.
Инҷили Юҳанно 13:16–17
Ва инак, дар Ерусалим Шимъӯн ном марде буд, ки марди одил ва парҳезгор ва мунтазири тасаллои Исроил буд, ва Рӯҳулқудс бар ӯ буд. ... Ва ӯ ба ҳидояти Рӯҳ ба маъбад омад. Ва ҳангоме ки Исои Кӯдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ӯ ба ҷо оваранд.
Инҷили Луқо 2:24–27
Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад.
Инҷили Матто 20:28
Ва Исо медонист ... Аз сари суфра бархоста, либоси Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст; Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурӯъ намуд.
Инҷили Юҳанно 13:3–5
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан19 Окт 2026
Масалҳо 3:26 · Забур 76:10
18 Окт 2026
Инҷили Юҳанно 19:34 · Хуруҷ 24:8
17 Окт 2026
Забур 89:16 · Ишаъё 45:24–25
16 Окт 2026
Нома ба Румиён 12:11 · Воиз 9:10
15 Окт 2026
Забур 59:9 · 2 Подшоҳон 22:2–3
14 Окт 2026
Нома ба Румиён 14:9 · Ишаъё 53:10–11






