22 Окт 2026
Нури ҳаррӯза, 23 Октябр: Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ
Нури ҳаррӯза
Зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест.
Инҷили Луқо 12:15
Чизи ками одил беҳ аз сарвати шарирони бисьёр.
Забур 36:16
Дороии каме бо худотарсӣ беҳ аз ганҷи бузурги пурфитна.
Масалҳо 15:16
Аммо диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад. Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд.
1 ба Тимотиюс 6:6, 8
Бенавоӣ ва сарватро ба ман надеҳ, ризқу рӯзӣ ба ман бирасон: Мабодо бисьёр сер шуда, Туро инкор кунам ва бигӯям: «Худованд кист?» Ва мабодо бенаво шуда, дуздӣ кунам ва исми Худои худро беҳурмат созам.
Масалҳо 30:8–9
Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ.
Инҷили Матто 6:11
Барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед; низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед. Оё ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар нест?
Инҷили Матто 6:25
Вақте ки Ман шуморо бе ҳамьён, бе тӯрба ва бе пойафзол фиристодам, оё ба чизе эҳтиёҷ доштед?» Гуфтанд: «Ба ҳеҷ чиз.
Инҷили Луқо 22:35
Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт»
ба Ибриён 13:5
Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад.
Инҷили Юҳанно 6:63
Одами аввалин, яъне Одам, ҷони зинда гашт. Одами охирин рӯҳи ҳаётбахш аст.
1 ба Қӯринтиён 15:45
Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст.
Инҷили Юҳанно 3:6
Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулқудс аст.
Нома ба Титус 3:5
Аммо агар касе дорои Рӯҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ӯ нест. Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, ҷисм ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рӯҳ ба воситаи адолат зинда аст. Ва агар Рӯҳи Он ки Исоро аз мурдагон эҳьё кард, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо Рӯҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда хоҳад кард.
Нома ба Румиён 8:9–11
Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам.
Нома ба Ғалотиён 2:20
Ҳамин тавр шумо низ худро барои гуноҳ кардан мурда, аммо барои Худо дар Худованди мо Исои Масеҳ зинда ҳисоб кунед.
Нома ба Румиён 6:11
Интихоби Навиштаҷот аз «Нури ҳаррӯза дар роҳи ҳаррӯза» (маҷмӯаи моликияти ҷамъиятӣ).
Рӯзҳои охир
Ҳамаро дидан21 Окт 2026
Инҷили Юҳанно 1:16 · Инҷили Матто 17:5
20 Окт 2026
Нома ба Румиён 7:22 · Забур 119:97
19 Окт 2026
Масалҳо 3:26 · Забур 76:10
18 Окт 2026
Инҷили Юҳанно 19:34 · Хуруҷ 24:8
17 Окт 2026
Забур 89:16 · Ишаъё 45:24–25
16 Окт 2026
Нома ба Румиён 12:11 · Воиз 9:10






