Ҳар қадар шахс бузургтар бошад, мо ӯро барои фурӯтан буданаш ҳамон қадар бештар қадр мекунем. Аммо бузургтарин кист? Албатта, Худост. Ӯ Офаридгори осмон ва замин аст. Муттаҳид кардани бузургӣ ва фурӯтанӣ асолати ҳақиқӣ аст. Аммо оё касе метавонад Худоро аз кардани коре, ки боз ҳам наҷибтар аст, боздорад?
Инҷили Марқӯс Исоро ҳамчун Хизматгори комил тасвир мекунад, ки на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро фидияи бисёриҳо диҳад.