Аҳди Қадим моро аз офариниши осмон ва замин то 400 пеш аз милод мебарад. Он бо чунин умед оғоз ёфта, бо таҳдиди лаънат ба охир мерасад (Мал. 4:6). Таърихи рӯҳонии инсоният аз Одаму Ҳавво ва махсусан халқи Исроил, нокомии комили инсониятро дар итоат ба Худо нишон медиҳад.
Тамоми китоби Ишаъё, мисли ҳар як қисми Каломи Худо, дар тарзи ташкил ва дар он чизе, ки мегӯяд, комилиятро нишон медиҳад. Қисми дуюми Ишаъё аз се бахши нӯҳбобӣ иборат аст: бобҳои 40–48, 49–57 ва 58–66.